Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

президент30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”, Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 ва Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040” ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Ба Ҳукумати мамлакат ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи короновирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии маводи дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории короновирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ гигиэнӣ ҷоннок намоянд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.

www.prezident.tj

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик дар шаҳри Ҳисор

50139596913_9757318582_c22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.

Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

 Аз рӯи ҳисоби миёна корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо ба ғайр аз қубурҳои асбестӣ ва шифер қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар маҷмӯъ 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.

Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот — шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз хати дигари муосири технологӣ — истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешавад.

Ашёи хом аз ҷумла тунука барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор ин аввалин корхонаест, ки бо иқтидори зиёд шифер ва қубурҳои асбестию оҳаниро истеҳсол менамояд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 40 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.

Бояд қайд намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда, дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Соҳибкор дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳад дод.

Ғайр аз ин дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ҳамзамон коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо низ ба роҳ монда шудааст, ки он дар доираи дархост омода ва пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи маводи хурока ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда атрофи корхона дар масофаи беш аз 1 километр мумфарш гардидааст.

Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубар ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

www.prezident.tj

Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

50136346076_e7fe3eeaf7_c21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.

Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква — аэробика — рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст.

Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа — ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид додаанд.

Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шудааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.

Қасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.

Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгарон, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуд аст.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 — солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеъи кишвар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста — бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Бо дарназардошти он, ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе боиси ободии як гӯшаи пойтахти кишвари азизамон гардидааст.

Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ ин мавзеи зебоманзари пойтахтро ба як макони афсонавӣ табдил додааст.

Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки боз як тӯҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Баъди шиносоии пурра бо иншоот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои сифати корҳои сохтмон баҳои баланд доданд ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои истифодаи самараноку мақсадноки иншооти варзиш ва корҳои ободонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

www.prezident.tj

Баргузории нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_3562Санаи 16 июли соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, А.Сатторзода — Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р.Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Умед Бобозода  баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2020 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни баромади худ У.Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2020 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

Ҳамчунин Р.Ҳабибулозода оид ба фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак маълумот пешниҳод намуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқ ба меҳнат ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони масъул ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, ба иштирокчиён шумораи нави «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маърӯзаҳои ВҲИ ва ВҲК барои соли 2019 ва Варақаи иттилоотӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) омода ва дастрас карда шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо васоити ахбори омма  идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

АНОНС: Нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Анонс

16 июли  соли 2020 соати 1500 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «ХОВАР»,  нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2020  баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳо ва суроғаи электронии зерин тамос гиред:     221-73-17, E-mail: info@ombudsman.tj

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-07-13majlisi_hukumat13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ — гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи шахсони маъсул муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, вазири кишоварзӣ Салимзода Амонулло, вазири энергетика ва захираҳои об Усмонзода Усмоналӣ ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷамолиддин вобаста ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваҷот ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, иҷрои нақшаи корҳои созандагӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш, шунида шуд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол,  истифодаи босамари гармхонаҳо, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, захираи маводи озуқаворӣ дар сардхонаҳо ва таъминоти меваҷот дар бозорҳои дохилӣ, ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш доданд, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

 Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

13.07.2020, шаҳри Душанбе www.prezident.tj

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак

Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А.  ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид У. Бобозода аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои кории маҳкумшудагон дидан намуд.

Бо назардошти иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мусоидати мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ашёҳо ва маводҳои тиббӣ (ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпушакҳои тиббӣ, собун) ва доруворӣ ҷиҳати пешгирӣ ва профилактикаи бемории сирояти COVID-19 дастрас карда шуд.

Дар муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ЯС 3/8 сехи дўзандагӣ фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он матрасҳо, либосвории ҳарбӣ ва ниқобҳои тиббӣ дӯхта мешаванд. Дар вақти ташриф маълум гардид, ки барои пешгирӣ аз сироятшавии коронавируси нав дар қисмҳои алоҳидаи муассисаи мазкур ҳўҷраҳои алоҳидаи нигоҳдорӣ ташкил карда шудааст.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда, махсусан дар шароити паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 барои маҳкумшудагон шароитҳои хуб муҳайё шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ бо 350 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе

50096803897_6c70f16ec8_c10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст. “Тоҷтекс” ҳамзамон истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонувони ҳунарманд, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти ниҳоии баландсифати Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷии мамлакат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулин айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти  кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

 Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Сехи дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир буда, барои фаъолияти босамари кормандон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

 Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сару либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба сару либоси тайёр роҳандозӣ шуда, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”  шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ  дар дохил роҳандозӣ карда шавад.

Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегарад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи кории дигар барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то сару либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.

www.prezident.tj

 

Ифтитоҳи эстакада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

50095892928_fab62b7c5f_c10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.

 Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро бино ба таъкиди Сарвари давлат ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

www.prezident.tj 

Баррасии масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи коронавирус COVID-19 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_3540Сироятёбӣ ба вируси шакли нав – COVID-19 аввалин маротиба моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуда, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Тибқи гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳоло дар беш аз 200 мамлакат сироятёбии шаҳрвандон ба коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин сабаб 11 март соли 2020 ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ хурӯҷи бемории мазкурро пандемия эълон кард.

Таҳлили воситаҳои аҳбори омма ва матбуоти даврӣ нишон медиҳад, ки хурӯҷи бемории мазкур ба иқтисодиёти кишварҳои паҳншуда таъсири манфӣ расонидааст. Ҷиҳати паст намудан шиддати сирояти шаҳрвандон ба коронавирус (COVID-19) аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишварҳои осебдида тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Аз ҷумла дар аксари кишварҳо маҳдудиятҳои ҳангоми гаштугузор ҷорӣ карда шуда, фаъолияти корхонаю муассисаҳо муваққатан боздошта шуд, ки ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ низ таъсири манфӣ расонидааст. Дар мамлакатҳои қабулкунанда, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳолатҳои халалдор гардидани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба назар расида, ҳамарӯза ба онҳо мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.

Чи тавре, ки маълум аст, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз фаъолият ҳуҷҷатҳои ҳудро ба расмият дароварда, барои фаъолият иҷозатномаи махсус (литсензия) гирифтаанд. Бо ин мақсад онҳо аз бонкҳо маблағи муайянеро ба қарз гирифта, умед доштанд, ки кор карда дар муҳлатҳои муайяншуда қарзро бармегардонанд. Аммо дар он шароит ба сабаби маҳдуд шудани  фаъолияти аксарияти корхонаву ташкилотҳо вазъи иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ низ мушкил гашта, имкони пардохти маблағи қарз, иҷорапулӣ, хурду хӯрок ва дигар хароҷотҳо ғайриимкон буда, боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гаштааст.

 Теъдоди шахсоне, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд зиёд буда, онҳо мехоҳанд зудтар аз ин мушкилиҳо раҳоӣ ёбанд. Дар баробари ин баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати қабулкунанда аз ваколатҳои худ суйистифода намуда, ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ медиҳанд, онҳоро беасос таҳқир менамоянд.

Дар ин росто Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москалкова Т. П. таҳти № 23-02/2 аз 7 апрели соли 2020 мактуб ирсол намудааст.

Ҳамзамон маълумотҳои дар воситаҳои аҳбори оммаро  вобаста ба вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  дар хориҷи кишвар пайгирӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии интиқол ва сирояти коронавирус (COVID-19) тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-1365 аз 18 марти соли 2020 ситоди ҷумҳурявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсис дода шудааст.

Дар заминаи ин амр ситоди дохилиидоравии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон № 524 аз 22 марти соли 2020 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуда, ҷиҳати иҷрои супороишҳои ситоди ҷумҳурявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан дар ин давра ҷиҳати пешгирии сирояти ин вирус дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдорӣ вобаста ба тозаю озода нигоҳ доштани биною утоқҳои корӣ ташкил карда шуда, кормандон бо ниқоб ва воситаҳои антисептикӣ таъмин гаштанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони боварии Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сироятӣ COVID-19 таҳти рақами 511 фаъол намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои вируси мазкур ва ё барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар давоми 24 соат дар тамос бошанд.

Дар ин давраи ҳасос ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамкориҳои мазкур санаи 22 апрели соли 2020 бо дастгирии ташкилоти хайриявии “Авесто” мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 оилаи ниёзманд  маводи хурока, аз қабили биринҷ, наск ва омехтаи сабзавотҳоро дастрас намуд.

3 июли соли 2020 онлайн-вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон – Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ: У.Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Т. Мамитов – Омбудсмени Қирғизистон, З. Утебаева – Роҳбари Марказ оид ба ҳуқуқи инсони Қазоқистон, Я. Гурбанназарова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Туркманистон, У. Муҳаммадиев – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 ва махсусан таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқуллода ва вазъияти фавқуллода, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҳуқуқ ба саломатӣ ҳангоми ташкили баргардонидани онҳо ба ватан бинобар пайдо ва паҳн шудани коронавируси нав табодули назар намуданд.

Зимни онлайн-вохӯрӣ табодули таҷрибаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Мараказӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқии шахсони алоҳида, аз ҷумла  маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон, занон, кӯдакон ва ғайра сурат гирифт.

Тибқи маълумоти расмӣ (АМИТ “Ҳовар” бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба ҳолати 7 июли соли 2020 шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11.7 миллионро ташкил намуда, аз ин шумора зиёда аз 6.7 миллион беморон шифо ёфта, зиёда аз 541 ҳазор нафар фавтиданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 7 июли соли 2020 шумораи  сироятёфтагон ба коронавирус (COVID-19) 6315 нафар, шифоёфтагон 4965 нафар ва фавтидагон 53 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Ниёзбадалова Р. С. ворид гардид, ки барои мусоидат ба унвонии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги ФР, муҳтарам Сайидзода Зафар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шароити пандемияи  коронавирус (COVID-19) аз 17.06.2020,№127-02/2 ирсол карда шуд.

Риояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давраи пандемияи коронавирус COVID-19, яке самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин ҳама муроҷиатҳое, ки ҷониби шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомот ворид мегарданд дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Ш. Раҷабов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ