Иштироки У. Бобозода дар онлайн-вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ

IMG_3540Нимаи дуюми рӯзи 3 июли соли ҷорӣ онлайн-вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон – Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ: У.Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Т.Мамитов – Омбудсмени Қирғизистон, З.Утебаева – Роҳбари Марказ оид ба ҳуқуқи инсони Қазоқистон, Я.Гурбанназарова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Туркманистон, У.Муҳаммадиев – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 ва махсусан таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқуллода ва вазъияти фавқуллода, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҳуқуқ ба саломатӣ ҳангоми ташкили баргардонидани онҳо ба ватан бинобар пайдо ва паҳн шудани коронавируси нав табодули назар намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ иштирок намуда, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба иқдомоти саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коронавируси нав, махсусан ташкили шароити табобат ва пешгирӣ, роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва қишри осебпазири он, роҳандозии хатсайрҳо ҷиҳати ба ватан баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки 5 июни соли 2020 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири бемории коронавируси нав ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дастгирии бахши хусусӣ ва аҳолӣ равона шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ, ситодҳои дохилиидоравӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ин давра фаъолияти самаранок бурда, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар як давраи кутоҳ шиддати паҳншавии бемории коронавируси навро паст намуданд.

IMG_3536

Зимни онлайн-вохӯрӣ табодули таҷрибаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Мараказӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқии шахсони алоҳида: маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон, занон, кӯдакон ва ғайра сурат гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим ва самарабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон изҳор дошта, ба тақвияти ҳамкориҳо даъват намуданд.

Вохӯрии мазкур бо ибтикори Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Истамбулии БР СММ доир шуд.

 

Хадамоти матбуотии мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон