Баррасии масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи коронавирус COVID-19 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_3540Сироятёбӣ ба вируси шакли нав – COVID-19 аввалин маротиба моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуда, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Тибқи гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳоло дар беш аз 200 мамлакат сироятёбии шаҳрвандон ба коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин сабаб 11 март соли 2020 ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ хурӯҷи бемории мазкурро пандемия эълон кард.

Таҳлили воситаҳои аҳбори омма ва матбуоти даврӣ нишон медиҳад, ки хурӯҷи бемории мазкур ба иқтисодиёти кишварҳои паҳншуда таъсири манфӣ расонидааст. Ҷиҳати паст намудан шиддати сирояти шаҳрвандон ба коронавирус (COVID-19) аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишварҳои осебдида тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Аз ҷумла дар аксари кишварҳо маҳдудиятҳои ҳангоми гаштугузор ҷорӣ карда шуда, фаъолияти корхонаю муассисаҳо муваққатан боздошта шуд, ки ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ низ таъсири манфӣ расонидааст. Дар мамлакатҳои қабулкунанда, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳолатҳои халалдор гардидани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба назар расида, ҳамарӯза ба онҳо мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.

Чи тавре, ки маълум аст, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз фаъолият ҳуҷҷатҳои ҳудро ба расмият дароварда, барои фаъолият иҷозатномаи махсус (литсензия) гирифтаанд. Бо ин мақсад онҳо аз бонкҳо маблағи муайянеро ба қарз гирифта, умед доштанд, ки кор карда дар муҳлатҳои муайяншуда қарзро бармегардонанд. Аммо дар он шароит ба сабаби маҳдуд шудани  фаъолияти аксарияти корхонаву ташкилотҳо вазъи иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ низ мушкил гашта, имкони пардохти маблағи қарз, иҷорапулӣ, хурду хӯрок ва дигар хароҷотҳо ғайриимкон буда, боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гаштааст.

 Теъдоди шахсоне, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд зиёд буда, онҳо мехоҳанд зудтар аз ин мушкилиҳо раҳоӣ ёбанд. Дар баробари ин баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати қабулкунанда аз ваколатҳои худ суйистифода намуда, ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ медиҳанд, онҳоро беасос таҳқир менамоянд.

Дар ин росто Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москалкова Т. П. таҳти № 23-02/2 аз 7 апрели соли 2020 мактуб ирсол намудааст.

Ҳамзамон маълумотҳои дар воситаҳои аҳбори оммаро  вобаста ба вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  дар хориҷи кишвар пайгирӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии интиқол ва сирояти коронавирус (COVID-19) тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-1365 аз 18 марти соли 2020 ситоди ҷумҳурявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсис дода шудааст.

Дар заминаи ин амр ситоди дохилиидоравии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон № 524 аз 22 марти соли 2020 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуда, ҷиҳати иҷрои супороишҳои ситоди ҷумҳурявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан дар ин давра ҷиҳати пешгирии сирояти ин вирус дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдорӣ вобаста ба тозаю озода нигоҳ доштани биною утоқҳои корӣ ташкил карда шуда, кормандон бо ниқоб ва воситаҳои антисептикӣ таъмин гаштанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони боварии Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сироятӣ COVID-19 таҳти рақами 511 фаъол намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои вируси мазкур ва ё барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар давоми 24 соат дар тамос бошанд.

Дар ин давраи ҳасос ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамкориҳои мазкур санаи 22 апрели соли 2020 бо дастгирии ташкилоти хайриявии “Авесто” мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 оилаи ниёзманд  маводи хурока, аз қабили биринҷ, наск ва омехтаи сабзавотҳоро дастрас намуд.

3 июли соли 2020 онлайн-вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон – Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ: У.Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Т. Мамитов – Омбудсмени Қирғизистон, З. Утебаева – Роҳбари Марказ оид ба ҳуқуқи инсони Қазоқистон, Я. Гурбанназарова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Туркманистон, У. Муҳаммадиев – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 ва махсусан таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқуллода ва вазъияти фавқуллода, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҳуқуқ ба саломатӣ ҳангоми ташкили баргардонидани онҳо ба ватан бинобар пайдо ва паҳн шудани коронавируси нав табодули назар намуданд.

Зимни онлайн-вохӯрӣ табодули таҷрибаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Мараказӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқии шахсони алоҳида, аз ҷумла  маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон, занон, кӯдакон ва ғайра сурат гирифт.

Тибқи маълумоти расмӣ (АМИТ “Ҳовар” бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба ҳолати 7 июли соли 2020 шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11.7 миллионро ташкил намуда, аз ин шумора зиёда аз 6.7 миллион беморон шифо ёфта, зиёда аз 541 ҳазор нафар фавтиданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 7 июли соли 2020 шумораи  сироятёфтагон ба коронавирус (COVID-19) 6315 нафар, шифоёфтагон 4965 нафар ва фавтидагон 53 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Ниёзбадалова Р. С. ворид гардид, ки барои мусоидат ба унвонии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги ФР, муҳтарам Сайидзода Зафар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шароити пандемияи  коронавирус (COVID-19) аз 17.06.2020,№127-02/2 ирсол карда шуд.

Риояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давраи пандемияи коронавирус COVID-19, яке самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин ҳама муроҷиатҳое, ки ҷониби шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомот ворид мегарданд дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Ш. Раҷабов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ