Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак

Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А.  ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид У. Бобозода аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои кории маҳкумшудагон дидан намуд.

Бо назардошти иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мусоидати мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ашёҳо ва маводҳои тиббӣ (ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпушакҳои тиббӣ, собун) ва доруворӣ ҷиҳати пешгирӣ ва профилактикаи бемории сирояти COVID-19 дастрас карда шуд.

Дар муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ЯС 3/8 сехи дўзандагӣ фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он матрасҳо, либосвории ҳарбӣ ва ниқобҳои тиббӣ дӯхта мешаванд. Дар вақти ташриф маълум гардид, ки барои пешгирӣ аз сироятшавии коронавируси нав дар қисмҳои алоҳидаи муассисаи мазкур ҳўҷраҳои алоҳидаи нигоҳдорӣ ташкил карда шудааст.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда, махсусан дар шароити паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 барои маҳкумшудагон шароитҳои хуб муҳайё шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ