Баргузории машваратҳои миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми Шарҳи универсалии даврӣ

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 июли соли 2020, №32/10-120 рӯзҳои 7, 14 ва 21  августи соли 2020 дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  мавзуҳои “Ҳуқуқи гурӯҳҳои алоҳида (кӯдакон, шахсони дорои маъюбият, занҳо, шахсони гирифтори бемории вируси норасоии масъунияти одам”, “Ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” ва “Адолат, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, савдои одамон ва зӯроварӣ дар оила”  машваратҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар машварат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳои адлия, меҳнат муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила ва намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Хадафи чорабинии мазкур тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ аз гузаронидани машваратҳои миллӣ пеш аз баррасии ҳисоботи Тоҷикистон вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон  иборат мебошад.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори тавсияҳои мазкур ҳисобот доданд. Аз ҷумла намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба фаҳмонидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” баромад кард.

Дар рафти машваратҳо мубодилаи афкор байни намояндагони мақомоти давлатӣ  ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ  баргузор шуда, шахсони ваколатдори мақомоти давлатӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

 Дар охир таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуда,  аз натиҷаи машваратҳои миллӣ тавсияҳои дахлдор қабул гардиданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Баргузории онлайн-курси омузишӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила

Рӯзҳои 17-18 августи соли 2020 дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии  (UNFPA) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишӣ роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

Семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони 15 мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайраҳо баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории семинари омӯзишии мазкур аз баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони мақомотҳои давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолияткунанда ва омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ дар самти мазкур иборат буд.

Дар рафти чорабинӣ даъватшудагон иштироки фаъолона намуданд. Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ саривақтӣ буда, ҷиҳати баланд бардоштани малака ва дониши касбии кормандон мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

18 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял.
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Абуалӣ ибн Сино)

Ҳамасола дар саросари кишвар 18 – август Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад Таҷлили ҷашни мазкур ба мавлуди аломаи бузург Абӯалӣ ибн Сино алоқамандии зич дорад

Бо итминони комил боварӣ дорем, ки пайравони ин шахси бузургу нотакрор махсусан дар ин лаҳзаҳои ҳассос, яъне бартараф кардани пандемияи коронавирус COVID – 19 назаррас буда, онҳо баҳри ҳар чи зудтар бартараф кардани ин вабои аср заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд.

Фарорасии иди касбиро ба кулли кормандони соҳаи тиб табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувони вилояти Хатлон

Санаи 11-13 августи соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салихов З. дар доираи амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва банди 86 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020 бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

 Зимни ин сафар дар ноҳияҳои номбурда аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар ноҳияи Восеъ 13 нафар ва дар ноҳияи Балҷувон 8 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Аз натиҷаи қабули шаҳрвандон, маълум гардид, ки аҳолӣ бештар бо проблемаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон, баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, тартиби гузаронидани маъракаю маросимҳо тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба дидорбинии кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, проблемаҳои доир ба таъмини оби ошомиданӣ ва ғайраҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки бо дар назардошти проблемаҳои зикршудаи ҳуқуқҳои инсон дар ноҳияҳои мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд.

Ҳамзамон У. Бобозода иброз доштанд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқи инсон вобаста ба проблемаҳои рӯзмара чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

Дар охир пешниҳод гардид, ки минбаъд ташкили гузаронидани қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, ки дасртарсӣ мушкил аст, ҷиҳати  иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон бештар карда шавад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Чорабинии омӯзишӣ дар ШВКД –и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

20200811_105611Рӯзи 11 уми августи соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар ШВД –и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Пешгирии терроризм», «Пешгирии шиканҷа» ва «Ҳуқуқҳои дастгиршудагон» семинари омӯзишӣ гузарониданд.

Дар семинари мазкур Сардори ШВКД – и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Ҷумъазода Ҳабибулло, муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ Ҳусниддин Нидоев ва муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои масъалахои ҷаҳони муосир ва таҳдиди радикализм ва экстремизм дар байни ҷавонон, пешгирии шиканҷа ва ҳуқукҳои асосии дасгиршудагон баромад намуданд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бештар вобаста ба ҳуқуқҳои дастгиршудагон аз ҷумла, ноболиғон зимни боздошт, шиканҷа ва намудҳои муносибати ғайриинсонӣ, салоҳият ва вазифаҳои ВҲИ ва ВҲК саволу ҷавоб доир гашт.

Ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир иштирокчиёни чорабинии омӯзишӣ пешниҳод намуданд, ки чунин вохӯриҳо бештар гузаронида шаванд.

Инчунин тибқи нақшаи Гурӯҳи мониторинги назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 11-12 августи соли 2020 аз ҷониби Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои дастгиршудагон дар Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии ШВКД дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мониторинг гузаронида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таъмини амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ва барқарор намудани ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзҳои 6-7 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзиширо дар мавзӯи “Таъмини амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ва барқарор намудани ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуданд.

Дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, қабулгоҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Исфара ва ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.

Хадафи семинари омӯзишии мазкур аз баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони намояндагӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти мазкур иборат буд.

Дар рафти чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҳ. дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила”, коршиноси байналмилалии лоиҳаи ГОПА Русу Виолерия дар мавзӯҳои “Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила: таҷрибаи байналмилалӣ”, “Моҳияти зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти мазкур”, коршиноси миллӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Хайруллоев Ф. дар мавзӯҳои “Баррасии заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо зӯроварӣ дар оила — қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст”, “Фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ки дар ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила поймол карда шуда, дар низоми мақомоти судӣ баррасӣ шудаанд” ва ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” Низомова М. дар мавзӯҳои “Пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, таҳлили қонунгузории миллӣ ва амалияи истифодаи он, қабул ва баррасии муроҷиатҳо” маълумот доданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби коршиносон машғулиятҳои амалӣ оид ба баррасии қолабҳои гендерӣ ва омӯзиши ҳолатҳои фаврӣ (гипотетикӣ) вобаста ба шикоятҳо нисбати субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила баргузор гардиданд.

Дар рафти семинар мубодилаи афкор байни коршиносон ва иштирокчиён баргузор шуда, коршиносон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд, ҳамчунин кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳа ибрози ақида намуда, барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар охир ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ барои иштироки фаъолона сертификат супорида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ