Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таъмини амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ва барқарор намудани ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзҳои 6-7 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзиширо дар мавзӯи “Таъмини амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ва барқарор намудани ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуданд.

Дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, қабулгоҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Исфара ва ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.

Хадафи семинари омӯзишии мазкур аз баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони намояндагӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти мазкур иборат буд.

Дар рафти чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҳ. дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила”, коршиноси байналмилалии лоиҳаи ГОПА Русу Виолерия дар мавзӯҳои “Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила: таҷрибаи байналмилалӣ”, “Моҳияти зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти мазкур”, коршиноси миллӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Хайруллоев Ф. дар мавзӯҳои “Баррасии заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо зӯроварӣ дар оила — қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст”, “Фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ки дар ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила поймол карда шуда, дар низоми мақомоти судӣ баррасӣ шудаанд” ва ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” Низомова М. дар мавзӯҳои “Пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, таҳлили қонунгузории миллӣ ва амалияи истифодаи он, қабул ва баррасии муроҷиатҳо” маълумот доданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби коршиносон машғулиятҳои амалӣ оид ба баррасии қолабҳои гендерӣ ва омӯзиши ҳолатҳои фаврӣ (гипотетикӣ) вобаста ба шикоятҳо нисбати субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила баргузор гардиданд.

Дар рафти семинар мубодилаи афкор байни коршиносон ва иштирокчиён баргузор шуда, коршиносон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд, ҳамчунин кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳа ибрози ақида намуда, барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар охир ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ барои иштироки фаъолона сертификат супорида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ