Рушди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ

Дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоса пайдо намуд. Нуфузу обрӯи Тоҷикистон сол ба сол баланд гардида, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, онҳоро ба имзо расонид. Аз ҷумла Эъломия умумии ҳуқуқи инсон (1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (с.1999), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (с. 1999), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (с. 1993), Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон (с. 1993), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (с. 1995), Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (с. 1993), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (с. 2002) ва ғайраҳо.

Дар баробари дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ ба даврони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳуқуқи инсон заминаи мусоид фароҳам овард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун механизми иловагии ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти ниҳоди мазкур 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар қонуни мазкур мустақилият, таъин, талабот нисбати номзад, мӯҳлати ваколат ва дигар масъалаҳои фаоъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтанд.

 Шурӯъ аз соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад, ки механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро пурра намуда, барои беҳтар кардани корҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 29 июли соли 2009 таъсис дода шудааст, ки 17 хизматчии давлатиро дар бар мегирифт, айни ҳол шумораи хизматчиёни давлатӣ (бе дарназардошти ҳайати хизмарасон ба 25 нафар расонида шудааст.

Зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 январи соли 2015 дастур доданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Вобаста ба иҷрои дастури мазкур аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.  Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва омӯзиши дигар ҷанбаҳои масъалаи мазкур гурӯҳи корӣ пешниҳод намуд, ки дар ҷумҳурӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамчун муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади муайян ва таъмин намудани вазъи ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шаш санади меъёрии ҳуқуқии дигар тағйиру иловаҳо пешниҳод намуд. Қонуни мазкур 15 марти соли 2016 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуда, барои таъсис додани вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гардид.

Дар ин давра Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Стратегияи фаъолияти худро барои солҳои 2011- 2015 ва 2016 -2020 қабул ва амалӣ намуд. Дар фаъолияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон озоди аз шиканҷа, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, дастрасӣ ба таълим, баробарии гендерӣ,  ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ҳамчун самти афзалиятнок интихоб намудааст. Самтҳои афзалиятнок бо дарназардошти таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон, имкониятҳои мақомот барои самаранокии бештари фаъолият дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон равона гардидаанд.

Фаъолияти минбаъдаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Шурӯъ аз соли 2016 то соли 2020 дар ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 6 қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаъолият мекард. Бо пеш омадани мушкилоти молиявӣ, айни ҳол фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Айнӣ ва Рашт муваққатан қатъ карда шудааст.

Мусоидат намудан дар барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар хориҷи кишвар, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо ин мақсад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Арменистон, Озорбойҷон ва ғайраҳо ҳамкориҳои  дуҷонибаи судмандро ба роҳ монд.  Дар ин самт  21-22 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

 Дар конференсия роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони Зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар маҷмуъ зиёда аз 120 нафар иштирок намуданд.

         Дар тули фаъолияти зиёда аз 10 солаи мақомот  байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони дигар давлатҳо якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Аз ҷумла, соли 2015 байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия гуфтушунид баргузор гардида, тарафҳо вобаста  ба таъсиси Намояндаи озмоишии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба мувофиқа расиданд.

Бо розигии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шведсария ва дастгирии бевоситаи молиявии Дафтари Шведсариягӣ дар Тоҷикистон  Намояндаи озмоишии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия  таъсис дода шуд.

 31 августи соли 2015 байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия» ба имзо расонида шуд.

Тибқи ин санад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути намояндаи худ вазифадор шуд, ки  барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия  бо роҳи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мусоидат  намояд, хамчунин бо намояндагони  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ҳудуди ин минтақа кору зиндагӣ мекунанд гузаронидани миззи мудаввар, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳоро ба нақша гирифт. Лоиҳаи мазкур аз сентябри соли 2015 то феврали 2016 бо дастгирии техникии  Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» амалӣ карда шуд.

Дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошта бомувафаққият баромада, барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Свердловски Федератсияи Россия мусоидат намуд. Фаъолияти ин ниҳод ба фаъолияти Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия мусоидат намуда,  то ҷое сарбории онро бартараф намуд. Ҳамчунин амалишавии ин лоиҳа ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то аз мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, алалхусус вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз наздик шинос шуда, барои ҳалли дигар мушкилотҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чораандешӣ намояд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи фаъолияти худро барои солҳои 2021- 2025 таҳия намуда истодааст, ки барои фаъолияти самараноки мақомот барои солҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Бо мақсади иттилоотонии мақомоти давлатӣ аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ ҳамасола на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд. Маърузаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, матни электронии онҳо дар сомонаи мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ombudsman.tj ҷой дода мешаванд. Аз соли 2011 то ҳоло 10 маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия гардида, дастраси мақомотҳои давлатии дар бола зикршуда, ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст.

Дастоварди дигари мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ он аст, ки аз 28 марти соли 2012  дархости мақомот оид ба мутобиқат ба Принсипҳои Париж дар Зеркумитаи  акредитатсионии Кумитаи СММ оид ба ҳамоҳангсозии байналмилалии фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми «В» дода шуд. Айни ҳол омодагии мақомот ҷиҳати мутобиқати пурра ба Принсипҳои Париж ва гирифтани мақоми «А» идома дорад.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ низ иштироки фаъолона дорад. Кормандони он барои омода намудани маърӯзаҳои миллӣ дар гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла дар гурӯҳҳои корӣ оид ба омода намудани Шарҳи универсалии даврӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро қадр намуда, дар фаъолияти минбаъда низ баҳри мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кӯшиш менамояд.

 

Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангӣ                                                       Ш. Раҷабов