Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳилаи нави инкишоф ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

ИстиклолИстиқлолияти давлатӣ — нишонаи асосии миллати соҳибдавлат аст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сарнавишти миллат бо дасти худаш иншо гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти  сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад. Дар ин росто, шароити инкишоф ва ташаккулу такомули давлатдорӣ дар бисёр ҳолат аз сатҳи инкишоф ва танзимёбии муносибатҳои ҷомеа вобастагии зич дорад. Зеро, давлат маҳсули тадриҷи тамаддуни инсоният буда, шакли мураккабтарини ташкили ҳаёти ҷамъиятиро аз ҷиҳати сиёсию ҳуқуқӣ ифода менамояд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиштарин дастовард ва нодиртарин падида дар таърихи ҳастии миллати тоҷик мебошад, ки баъд аз ҳазору садсоли вобастагии сиёсӣ, ҳамчун натиҷаи саъю талош, муборизаю исён, ва бозтобкунандаи орзую ормони ниёгон насиби насли саодаманди он гардидааст. Бо ин манзур метавон гуфт, ки мушараф гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ (барои миллати тоҷик) танҳо, натиҷаи барҳамхурии реҷаи шуравӣ ва таназули давлати абарқудрати ИҶШС набуда, балки маҳсули фидокориҳою талошҳои бардавоми фарзона-фарзандони ин миллат дар ин ҷода аст. Дар идомаи мантиқии тлошҳои озодихоҳонаи тоҷикон мантиқан, дар замони шуравӣ низ, бо барпо намудани ҷумҳурии мухторӣ маҳдуд нагардида, то ба ташкил намудани чумҳурии мустақили ҳамноми миллат дар ҳайати Иттифоқӣ Шуравӣ дастёб гардиданд.

Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои ҳама махсусятҳои давлатдории муосир муарифӣ намуда, барои асос гузоштани пояҳои бунёдии давлатдории миллии тоҷикон имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушараф гардидан ба ин сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қадам гузошт. Дар ин марҳила шароитҳои инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии кишвар тақозо менамуд, ки танзими ҳуқуқии демократии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳамин вобастагӣ такмили мақомти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воқеона иҷро гардидани вазифаи қонунан ба уҳдадоштаи онҳо, махсусан дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ амалан, зуҳур намояд. Аммо, пӯшида нест, ки дар бомдоди давлатдории муосири миллӣ зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандии дар кишвар ба вуқуъ пайваста, сатҳи инкишоф ва ташаккули падидаҳои ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои мураккабгаридаи ҷамъиятӣ, ҳолат ва фаъолияти қонунии мақомоти фавқуззикрро дар сатҳи номусоид қарор дода, барои таъмин гардидани эътироф риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дигар арзишҳои олии инсонӣ монеъаи ҷиддӣ ба бор оварда буд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи то ин замон амалкунандае, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таъмини адолати иҷтимоиро ба танзим медароварданд, низ ба шароити нав ҷавобгӯ набуданд.

Ба идомаи чунин вазъияти буҳронии ҳуқуқӣ қабули конститутсияи нав нуқта гузошт. 6- ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардида, дар заминаи он низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳолат марҳилаи муҳимтарин азнавташаккулёбии мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардид.

Эълон гардидани муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс аз номи халқи Тоҷикистон дар муқадимаи ин санади олии меъёрии кишвар, ки мақсади қабул намудани онро ифода менамояд,  мустаҳакам гардида, ҳамчун ғояи конститутсионӣ дар муайян намудани ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд  нақши асосӣ бозида, дар дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи таҷассум ёфтааст.

Бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохта шуда, арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлат муқаррар гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории нави миллиро аз самти ҳуқуқӣ расмӣ гардонид, таҳкурсии ин давлат шакл, вазифаҳо ва моҳияту ҳадафи онро муайян намуд. Дар ин росто моҳияти иҷтимоии давлат ва мантиқан, ҳадафи асосии он барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муайян гардид.  Ҳолати ҳӯқуқии инсон ва шаҳрванд дар боби алоҳидаи Конститутсия мушаххасан, ба танзим дароварда шуда, усулҳо ва кафолати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шуд. Дар ҳамин замина номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд васеъ гардонида шуда, кафолати онҳо эълон гардидааст. Як қаттор падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз қабили шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар боби мазкур муттаҳид карда шуда аст, ки онҳо дар маҷмӯ ҳамчун маҳаки муайянкунандаи мақоми инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва давлат нақш мебозанд. Маҳз ҳамин меъёрҳо уҳдадории давлатро ҷиҳати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамоянд. Ба сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба он баҳо дода мешавад, ки давлат онҳоро дар қонунгузории миллии худ дар кадом сатҳ муқаррар намуда, амамлигардонии онҳоро чӣ гуна кафолат додааст.

Дар фарқият аз қонугузории даврони пешин дар замони соҳибистиқлолият номгӯи падидаҳое, чун бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолати ҳифзи судӣ тавсеа ёфта, вазифаҳо камшумор ва мушаххас гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки падидаи ба танзим даровардани ҳолати ҳуқуқии инсон дар вазъияти фавқулодда низ, аввалин маротиба дар қонугузории замони соҳибистиқлоли кишвар  таҷассуми худро ёфтааст.

Мазмуни вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд асосан вобаста ба ҳӯқуқу вазифаҳои онҳо, ки  тавассути қонунгузории миллӣ танзим гардидааст бозтоб мегардад. Бояд зикр намуд, ки маҷмӯи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва роҳҳалҳои татбиқгардонии онҳо яке аз маҳакҳои муайянкунандаи демократӣ будани ҷомеа маҳсуб мегардад. Бо ҳамин манзур дар марҳилаи фақуззикр ҳамвора бо инкишофи сифатан нави низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқ намудани онҳо ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким ёфта, ширкат варзидани онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ вусъат меёбад.

Дар ҳамин росто, демократукунонии падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзиши олӣ ба ҳисоб рафтани инсон ва ҳуқуқу оздии онро бозтоб намуда, дар фарқият аз замони шуравӣ нисбат ба манфиатҳои давлату ҷамъият ба манфиатҳои шахс афзалият бахшида шуда, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс ҳамчун асос муқаррар гардид.  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифта аст, ва дар ин ҷода фароҳам овардани фазои ҳуқуқии ҷомеа вазифаи авалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд буда, ғояи меҳварии он таъмини  волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Умуман, муносибатҳои хусусияти сиёсӣ-ҳуқуқидошта дар байни муносибатҳои бешуморе, ки вобаста ба соҳаҳои муталифи ҳаётӣ дар байни давлат ва инсон амалӣ мегарданд, мавқеи муҳим доранд. Бояд тазакур дод, ки маҳз бо туфайли ин муносибатҳо алоқаи инсон ва давлат ба худ хусусияти ҳуқуқиро касб менамояд. Дар замони муосир инчунин, робитаҳои тарафайни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо, ки дар байни давлат ва инсон ба вуҷуд меоянд, тобиши сиёсӣ-ҳуқуқидошта, вобастагии давлат ва инсонро таҳким мебахшанд.

Ташаккули ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар қонунгузории миллӣ инчунин, вобастагии ногусастанӣ дорад ба санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон. Мусаллам аст, ки дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ инсон, озодӣ шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он ба сифати волотарин арзиш ташреҳ гардидааст. Дар ҳамин иртибот, кулли далатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба риояи талабот ва таъмини иҷрои ин таъинот уҳдадор мебошанд. Аз ҷумла ин таъинот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ (аз 2-юми марти соли 1992) паҳн мегардад.

Яке аз иқдомҳои саривақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи қаробат намудани  ба низоми ҳуқуқии байналмилалӣ ва мустаҳакам намудани принсипҳои умумиэътирофгардидаи хусусияти демократию инсондустидошта ин узви комилҳуқуқи созмонҳои бузургӣ сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ  гардидан, инчунин ба созишномаҳои байналмилалию минтақавии дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба тасвибрасида пайваст шудани он мебошад.

 Мусаллам аст, ки фазои ҳуқуқии ҷомеа дар шароити (мавҷудияти) устувории амният ва тартиботи ҳуқуқӣ солим мегардад. Бинобар ин заминаи асосии рушди давлат амният ва субот ба ҳисоб рафта, ин падида ба мушкилоти ҷаҳонии рўзмарра мубадал гардидааст. Бисёр нангин аст, ки оқибати мудҳиши низоъу манфиатҷӯиҳои муғризона, амалҳои ифротгароёнаю террористӣ ва дигар бесуботиҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам ҳамеша боиси дағалона вайрон намудан ва риоя нагардидани принсипҳои демократии оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.

Аз муҳтавои баррасиҳои фавқуззикр метавон хулоса баровард, ки мушараф гардидан ба ҳамагуна дастоварду мувафақиятҳои беназир, танҳо дар ҳолати мавҷудияти комили падидаҳои муқаддасе, чун сулҳу субот ва амният имконпазир аст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи миллат ва давлати муосири тоҷик, бо таҷассум намудани ҳифзи манфиат ва татбиқи ормонҳои миллӣ дар меҳвари худ, роҳи дурусту ояндасоз мебошад. Дурустии ин ақидаро таҳлили беғаразонаи вазъи сиёсӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаи зудтағирёбандаю муракабгардидаи субъектони ҷаҳони муосир ва роҳи 29 соли таърихии тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад.

Бинобар ин, ҳар як ҳарфи маънибахш ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, мо — насли марҳилаи нави давлатдории тоҷикро водор месозад, ки барои дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳои рўзафзун бо руҳияи шикастнопазир устуворона мубориза бурда, ҷиҳати ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду мардумсолор ва арҷгузорандаи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тарақӣ намудани Тоҷикистони азиз некбинона  саъй намоем.

Роҳбари намояндагии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон
Сангов Тоҷиддин

Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-09-08tabrikotҲамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, мо дар зарфи ин солҳо маҳз бо азму талошҳои мардуми ватандӯсту ватанпарварамон тавонистем, ки оқибатҳои низои шаҳрвандиро бартараф карда, давлати ҷавони тоҷиконро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дорем.

Дар натиҷаи таъмин гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровардем ва парламенти дупалатагӣ таъсис додем, ки дар фазои сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон падидаи нав мебошад.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт — соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Фавти модарон нисбат ба соли 1991 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем.

Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид.

Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.

Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони мамлакат як масъалаи муҳимро такроран хотиррасон месозам. Бо вуҷуди корҳои бузурги то имрӯз амалигардида ҳоло ҳам на ҳама мушкилоти ҳаёти мардуми мо паси сар шудаанд.

Мо — тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саъю кӯшиш кунем.

Дар ин ҷода, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мо бояд ба масъалаҳои омода кардани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, захира намудани маҳсулоти ниёзи мардум, хусусан, маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи нерӯи барқ ва ҳамзамон бо ин, қатъиян риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва талаботи санитариву эпидемиологӣ масъулияти баланд ва эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ҳолати буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони мо низ аз таъсири он берун нест, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории коронавирус мо бояд аз баргузории ҳар гуна чорабиниву маъракаҳо худдорӣ кунем.

Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

08.09.2020, шаҳри Душанбе

www.prezident.tj

 

Ба қадри истиқлолият расидан аз фарҳанги волои миллӣ аст.

Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешравии тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад ва он ба осонӣ ба ҳар давлат муясар намегардад.  Мо — тоҷикон, яке аз он халқҳои хушбахт ва сарбаланде ҳастем, ки давлати миллии худро дорем.

Ҳамин тариқ, 29 сол муқаддам пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ санаи 9 сентябри соли 1991  Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард, ки он саҳифаи ҷадидеро дар таърихи давлатдории миллати тоҷик боз намуд. Бояд зикр намуд, ки  истиқлолият ба халқу миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар арафаи расидан ба истиқлолияти давлатӣ бадхоҳони миллати тоҷик бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ, тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд, аз ин лиҳоз мардум маҷбур шуданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, ба дигар кишварҳо гуреза шаванд.

Хушбахтона дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии  Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

 Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки санаи 6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Консититутсияи хешро қабул намояд. Пас аз қабули Конститутсия роҳи миллат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз шуд.

Санаи 27 июни соли 1997  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва он аз хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шаҳодат медод. Мардуми тоҷик оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид. Бо ташабус ва сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро  интихоб карданд ва имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст.

Ба мо халқи тоҷик чун оина равшан аст, ки дар тӯли 29 соли даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегии худ яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, “раҳоӣ аз бумбасти камуникатсионӣ”, “таъмини амнияти озуқаворӣ” ва  “саноаткунонии босурат”  корҳои бузургеро ба монанди сохтани пулҳо, нақбҳо, роҳҳои бузурги байниминтақавӣ, неругоҳҳои хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва ғайраҳо ба сомон расониида истодааст.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои халқи худ дар муносибатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалу минтақавӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Созмонӣ ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайраҳо  гардад. Ин боисисол то сол афзудани эътибор ва нуфузи кишвари азизамон гардид.

Мояи ифтихор аст, ки мардуми шарафманди тоҷик соҳибистиқлол аст. Имрӯз халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки аз ин неъмати пурарзиш яъне истиқлолият маҳрум мебошанд. Аз ин рӯ, мебояд, ки ин неъмати ноёбро пос дошт.

Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  яке аз баромадҳои худ қайд намудаанд, ки “Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад”.

Бигзор аз нури хуршеди Истиқлол халқи мо сарбаланд бошад ва аз шуълаи ҳаётбахши Истиқлол рӯзгори сокинони кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.

Муовини сардори ШҲДҲК
Низомов А.Б.

“Ҳуқуқи инсон ва истиқлолият”

Мардуми тоҷик пас аз чанд рӯз 29 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор  қайд менамоянд.

Миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва онро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.  Ин хусусияти барҷастаи ташаккули миллати тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ҳақиқатнигорона маънидод кардаанд: “Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маданияти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шоҳсутунҳои фаъол ва таърихии мо буданд”.

 Ин руҳия  дар даврони истиқлолият мардуми  моро ба корҳои созандагиву бунёкориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд. Давлат ва ҷомеа саъй доранд ба ормонҳои худ, ки дар Конститутсияи соли 1994 эълон шудаанд, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ноил шаванд. Дар  таърихи инсоният ва давлатдорӣ  собит шудааст, ки  ҳар қадар шаҳрвандон  дар ҷомеа озоду дахлнопазир  бошанд, ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таъмину риоя карда шаванд, ҳамон қадар онҳо  барои рушду пешрафти кишвари худ саъйю талоши бештар меварзанд.  Яъне, риоя , таъмин ва эҳтироми  ҳуқуқи инсон барои дилхоҳ ҷомеа ва давлат шарти асосии пешравӣ мебошад. Дар ин росто Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафт ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон  имконияту заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Хусусан, қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, ки дар боло зикр кардем ба таъмину риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида, онро ҳамчун арзиши олӣ ба сатҳи вазифаи муҳими ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ  баланд бардошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992) аксари санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, аз соли 2000 — ум инҷониб оид ба иҷрои онҳо маърӯзаҳои миллии худро ба сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод мекунад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо мегирад. Аз рӯи ҳамаи  расмиётҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон  дар ин давра  ба Тоҷикистон беш аз ҳазор тавсия  пешниҳод  шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо  вазорату идораҳои дахлдор, масъулину иҷрокунандагони мушаххас   муваззаф  гардидаанд.

Дар соҳаи ҳуқуқи инсон нақши  сохторҳои махсуси давлатии фаъолияташон ба ин самт нигаронидашуда, аз ҷумла  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2002),  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2001),  Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон (соли 2005) сол аз сол назаррас мегарданд.

Таъсиси ниҳодҳои   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (соли 2009) ва   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2016), ки  барои беҳтар гардидани корҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат карда истодаанд, аз зумраи тадбирҳои муассири давлату ҳукумати  ҷумҳурӣ  мебошад.

Вазифаи асосии ин ниҳодҳо ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, гузаронидани санҷишу мониторингҳо, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқи инсон  нигаронида шудаанд.

Ҳар сол дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) зиёда аз 2400 муроҷиат ба қайд гирифта шуда,  ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои гузошташудашон мусоидат карда мешаванд. Масалан, аз давраи таъсисёбӣ то 1январи соли 2020 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маҷмӯъ 27433 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 5394 адад муроҷиати хаттӣ ва 22039 адад муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.  Аз ҷумла, дар  Дастгоҳи марказии мақомот ба ҳисоби миёна соле  зиёда аз 240 муроҷиати хаттӣ ва 370 муроҷиати шифоҳӣ ва дар маҷмӯъ 6839 адад (2707 — хаттӣ ва 4132 — шифоҳӣ) баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра аз ҷониби  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба  643 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодшуда хулосаҳои дахлдор дода шудааст.

Дар солҳои 2009 — 2020   мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва гурӯҳи мониторингии назди он дар муассисаҳои пӯшидаю қисман пӯшида ва дигар ташкилотҳо зиёда аз 442 санҷишу мониторингҳо гузаронида,    натиҷаи онҳо  ҷиҳати чораҷӯӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуданд. Аз ҷумла, соли 2019 92 (с.2018 — 57) санҷишу мониторинг ва боздид (41 санҷиш, 32 мониторинг ва 19 боздид) гузаронида шуданд, ки дар ҷараёни онҳо 16 муассисаи пӯшида ва қисман пӯшида, 16 муассисаҳои таҳсилотӣ томактабӣ ва ҳамагонӣ, 8 маркази саломатӣ, 7 муассисаи будубоши доимии кӯдакон фаро гирифта шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар давраи солҳои 2009 – 2020 аз ҷониби  роҳбарият ва кормандони мақомоти ВҲИ  тариқи телевизион 418 баромад, радио 664 баромад анҷом дода шуда, дар   интернет 741 мавод ва дар матбуоти даврӣ 229  мақола нашр шудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 ҳамагӣ 341 баромад 79 баромад дар ТВ, 115 баромад дар радио, 42 мақола дар матбуоти даврӣ ва 105 мавод дар матбуоти электронӣ дар воситаҳои ахбори омма таъмин карда шуд.

 Дар мақомоти ВҲИ аз соли 2012 инҷониб нашри маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки  ҳар семоҳа як маротиба чоп мешавад. Ҳамчунин дар ин давра 94 номгӯй китобу брошураҳо бо теъдоди 61834 нусха ба нашр расонида шудааст. Аз ҷумла соли 2019  8 адад китобу брошураҳо бо теъдоди 4230 нусха чоп гардида, ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва иштирокчиёни конфронсҳо, семинару мизҳои мудаввар ба таври ройгон дастрас гардонида шуданд.

Барои огаҳии ҷомеа аз навгониҳои соҳаи ҳуқуқи инсон,  инчунин 2 сомона- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва китобхона бо хазинаи  наздик ба 3 ҳазор китобу адабиётҳои соҳаи  ҳуқуқи инсон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҷиҳати пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ва амалисозии ваколатҳои худ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва васоити ахбори омма ҳамкориҳои судманд  дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо бахшида ба паҳлуҳои гуногун ва муҳими соҳаи ҳуқуқи инсон 4 (чор) конференсияи сатҳи байналмилаливу минтақавӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, 21-22 майи соли 2019 Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” дар сатҳи баланд бо иштироки ваколатдорони ҳуқуқи инсон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир карда шуд.

Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти давлатии дахлдор ва шарикони рушд дар Дастгоҳи марказии мақомот шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилӣ (Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия), шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак (Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ),  дар маркази ВМКБ ва вилоятҳо намояндагиҳо (Ниҳоди Даниягии ҳуқуқи инсон) ва дар шаҳру ноҳияҳо  қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ  ташкил карда шуданд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 3 қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 9 нафар мутахассисон кор мекунанд. Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари  баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва пеш аз ҳама ба табақаҳои осебпазири он ва ташкили машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар маҳалҳо мусоидат менамоянд.

Бояд қайд кард, ки  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ   яке аз аввалинҳо шуда дар Осиёи Марказӣ соли 2012 ба гирифтани мақоми “В”, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дода мешаванд, ноил гардида, алҳол  барои  гирифтани мақоми “А”   саъю талош дорад.

Бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таѓйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Тибқи онҳо салоҳияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар масъалаҳои  мусоидат ба тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (соли 2016), дастрасӣ ба иттилоот (2014), инчунин гузаронидани санҷиши муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида (2016) васеътар гардонида шуданд.

Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳанд сатҳу сифати корҳои мақомоти ВҲИ дар оянда боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шуда, нақши мақомоти мазкур дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон  дар ҷумҳурӣ боз ҳам намоёнтар гардад.

Ҳакимиён С. Ҳ.,роҳбари Дастгоҳи ВҲИ