Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳилаи нави инкишоф ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

ИстиклолИстиқлолияти давлатӣ — нишонаи асосии миллати соҳибдавлат аст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сарнавишти миллат бо дасти худаш иншо гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти  сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад. Дар ин росто, шароити инкишоф ва ташаккулу такомули давлатдорӣ дар бисёр ҳолат аз сатҳи инкишоф ва танзимёбии муносибатҳои ҷомеа вобастагии зич дорад. Зеро, давлат маҳсули тадриҷи тамаддуни инсоният буда, шакли мураккабтарини ташкили ҳаёти ҷамъиятиро аз ҷиҳати сиёсию ҳуқуқӣ ифода менамояд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиштарин дастовард ва нодиртарин падида дар таърихи ҳастии миллати тоҷик мебошад, ки баъд аз ҳазору садсоли вобастагии сиёсӣ, ҳамчун натиҷаи саъю талош, муборизаю исён, ва бозтобкунандаи орзую ормони ниёгон насиби насли саодаманди он гардидааст. Бо ин манзур метавон гуфт, ки мушараф гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ (барои миллати тоҷик) танҳо, натиҷаи барҳамхурии реҷаи шуравӣ ва таназули давлати абарқудрати ИҶШС набуда, балки маҳсули фидокориҳою талошҳои бардавоми фарзона-фарзандони ин миллат дар ин ҷода аст. Дар идомаи мантиқии тлошҳои озодихоҳонаи тоҷикон мантиқан, дар замони шуравӣ низ, бо барпо намудани ҷумҳурии мухторӣ маҳдуд нагардида, то ба ташкил намудани чумҳурии мустақили ҳамноми миллат дар ҳайати Иттифоқӣ Шуравӣ дастёб гардиданд.

Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои ҳама махсусятҳои давлатдории муосир муарифӣ намуда, барои асос гузоштани пояҳои бунёдии давлатдории миллии тоҷикон имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушараф гардидан ба ин сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қадам гузошт. Дар ин марҳила шароитҳои инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии кишвар тақозо менамуд, ки танзими ҳуқуқии демократии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳамин вобастагӣ такмили мақомти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воқеона иҷро гардидани вазифаи қонунан ба уҳдадоштаи онҳо, махсусан дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ амалан, зуҳур намояд. Аммо, пӯшида нест, ки дар бомдоди давлатдории муосири миллӣ зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандии дар кишвар ба вуқуъ пайваста, сатҳи инкишоф ва ташаккули падидаҳои ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои мураккабгаридаи ҷамъиятӣ, ҳолат ва фаъолияти қонунии мақомоти фавқуззикрро дар сатҳи номусоид қарор дода, барои таъмин гардидани эътироф риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дигар арзишҳои олии инсонӣ монеъаи ҷиддӣ ба бор оварда буд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи то ин замон амалкунандае, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таъмини адолати иҷтимоиро ба танзим медароварданд, низ ба шароити нав ҷавобгӯ набуданд.

Ба идомаи чунин вазъияти буҳронии ҳуқуқӣ қабули конститутсияи нав нуқта гузошт. 6- ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардида, дар заминаи он низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳолат марҳилаи муҳимтарин азнавташаккулёбии мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардид.

Эълон гардидани муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс аз номи халқи Тоҷикистон дар муқадимаи ин санади олии меъёрии кишвар, ки мақсади қабул намудани онро ифода менамояд,  мустаҳакам гардида, ҳамчун ғояи конститутсионӣ дар муайян намудани ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд  нақши асосӣ бозида, дар дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи таҷассум ёфтааст.

Бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохта шуда, арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлат муқаррар гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории нави миллиро аз самти ҳуқуқӣ расмӣ гардонид, таҳкурсии ин давлат шакл, вазифаҳо ва моҳияту ҳадафи онро муайян намуд. Дар ин росто моҳияти иҷтимоии давлат ва мантиқан, ҳадафи асосии он барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муайян гардид.  Ҳолати ҳӯқуқии инсон ва шаҳрванд дар боби алоҳидаи Конститутсия мушаххасан, ба танзим дароварда шуда, усулҳо ва кафолати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шуд. Дар ҳамин замина номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд васеъ гардонида шуда, кафолати онҳо эълон гардидааст. Як қаттор падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз қабили шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар боби мазкур муттаҳид карда шуда аст, ки онҳо дар маҷмӯ ҳамчун маҳаки муайянкунандаи мақоми инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва давлат нақш мебозанд. Маҳз ҳамин меъёрҳо уҳдадории давлатро ҷиҳати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамоянд. Ба сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба он баҳо дода мешавад, ки давлат онҳоро дар қонунгузории миллии худ дар кадом сатҳ муқаррар намуда, амамлигардонии онҳоро чӣ гуна кафолат додааст.

Дар фарқият аз қонугузории даврони пешин дар замони соҳибистиқлолият номгӯи падидаҳое, чун бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолати ҳифзи судӣ тавсеа ёфта, вазифаҳо камшумор ва мушаххас гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки падидаи ба танзим даровардани ҳолати ҳуқуқии инсон дар вазъияти фавқулодда низ, аввалин маротиба дар қонугузории замони соҳибистиқлоли кишвар  таҷассуми худро ёфтааст.

Мазмуни вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд асосан вобаста ба ҳӯқуқу вазифаҳои онҳо, ки  тавассути қонунгузории миллӣ танзим гардидааст бозтоб мегардад. Бояд зикр намуд, ки маҷмӯи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва роҳҳалҳои татбиқгардонии онҳо яке аз маҳакҳои муайянкунандаи демократӣ будани ҷомеа маҳсуб мегардад. Бо ҳамин манзур дар марҳилаи фақуззикр ҳамвора бо инкишофи сифатан нави низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқ намудани онҳо ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким ёфта, ширкат варзидани онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ вусъат меёбад.

Дар ҳамин росто, демократукунонии падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзиши олӣ ба ҳисоб рафтани инсон ва ҳуқуқу оздии онро бозтоб намуда, дар фарқият аз замони шуравӣ нисбат ба манфиатҳои давлату ҷамъият ба манфиатҳои шахс афзалият бахшида шуда, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс ҳамчун асос муқаррар гардид.  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифта аст, ва дар ин ҷода фароҳам овардани фазои ҳуқуқии ҷомеа вазифаи авалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд буда, ғояи меҳварии он таъмини  волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Умуман, муносибатҳои хусусияти сиёсӣ-ҳуқуқидошта дар байни муносибатҳои бешуморе, ки вобаста ба соҳаҳои муталифи ҳаётӣ дар байни давлат ва инсон амалӣ мегарданд, мавқеи муҳим доранд. Бояд тазакур дод, ки маҳз бо туфайли ин муносибатҳо алоқаи инсон ва давлат ба худ хусусияти ҳуқуқиро касб менамояд. Дар замони муосир инчунин, робитаҳои тарафайни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо, ки дар байни давлат ва инсон ба вуҷуд меоянд, тобиши сиёсӣ-ҳуқуқидошта, вобастагии давлат ва инсонро таҳким мебахшанд.

Ташаккули ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар қонунгузории миллӣ инчунин, вобастагии ногусастанӣ дорад ба санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон. Мусаллам аст, ки дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ инсон, озодӣ шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он ба сифати волотарин арзиш ташреҳ гардидааст. Дар ҳамин иртибот, кулли далатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба риояи талабот ва таъмини иҷрои ин таъинот уҳдадор мебошанд. Аз ҷумла ин таъинот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ (аз 2-юми марти соли 1992) паҳн мегардад.

Яке аз иқдомҳои саривақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи қаробат намудани  ба низоми ҳуқуқии байналмилалӣ ва мустаҳакам намудани принсипҳои умумиэътирофгардидаи хусусияти демократию инсондустидошта ин узви комилҳуқуқи созмонҳои бузургӣ сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ  гардидан, инчунин ба созишномаҳои байналмилалию минтақавии дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба тасвибрасида пайваст шудани он мебошад.

 Мусаллам аст, ки фазои ҳуқуқии ҷомеа дар шароити (мавҷудияти) устувории амният ва тартиботи ҳуқуқӣ солим мегардад. Бинобар ин заминаи асосии рушди давлат амният ва субот ба ҳисоб рафта, ин падида ба мушкилоти ҷаҳонии рўзмарра мубадал гардидааст. Бисёр нангин аст, ки оқибати мудҳиши низоъу манфиатҷӯиҳои муғризона, амалҳои ифротгароёнаю террористӣ ва дигар бесуботиҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам ҳамеша боиси дағалона вайрон намудан ва риоя нагардидани принсипҳои демократии оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.

Аз муҳтавои баррасиҳои фавқуззикр метавон хулоса баровард, ки мушараф гардидан ба ҳамагуна дастоварду мувафақиятҳои беназир, танҳо дар ҳолати мавҷудияти комили падидаҳои муқаддасе, чун сулҳу субот ва амният имконпазир аст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи миллат ва давлати муосири тоҷик, бо таҷассум намудани ҳифзи манфиат ва татбиқи ормонҳои миллӣ дар меҳвари худ, роҳи дурусту ояндасоз мебошад. Дурустии ин ақидаро таҳлили беғаразонаи вазъи сиёсӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаи зудтағирёбандаю муракабгардидаи субъектони ҷаҳони муосир ва роҳи 29 соли таърихии тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад.

Бинобар ин, ҳар як ҳарфи маънибахш ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, мо — насли марҳилаи нави давлатдории тоҷикро водор месозад, ки барои дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳои рўзафзун бо руҳияи шикастнопазир устуворона мубориза бурда, ҷиҳати ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду мардумсолор ва арҷгузорандаи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тарақӣ намудани Тоҷикистони азиз некбинона  саъй намоем.

Роҳбари намояндагии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон
Сангов Тоҷиддин