МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ЧУН МЕХАНИЗМИ МУҲИМИ АМАЛИГАРДОНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

IMG_3495Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муқаддаси ҳар як мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Ҳуқуқ ба муроҷиат яке аз воситаҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ, ки ба воситаи он субъект метавонад талаботҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии худро қонеъ гардонад, ба ҳисоб меравад. Яъне тавассути арз ё шикоят шаҳрванд мехоҳад ҳалли масъалаи бамиёномадаро дархост намояд ва умедвор аст, ки мақомоти ваколатдор онро дарк ва дастгирӣ менамоянд.

Аз ин бармеояд, ки амалигардонии ҳуқуқ одамонро бисёртар ба ташвиш меорад, назар ба мавҷуд будани чунин ҳуқуқҳо дар ин ё он санади меъёрии ҳуқукии давлатҳо. Дар ин хусус мутаффакири барҷаста Ш. Монтескье қайд менамояд, ки «Ҳангоме, ки ман ба ягон давлат ворид мегардам, ба он аҳамият намедиҳам, ки дар он давлат кадом қонунҳо арзи вуҷуд доранд, балки ба он менигарам, ки он қонунҳо чи гуна амалӣ мегарданд».

Ҳуқуқ ба муроҷиат на танҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки дар матни худи Конститутсия низ дарҷ гардидааст, ки аз муҳим будани ин падида дарак медиҳад.

Дар моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Вобаста ба ин муқаррароти Конститутсия сараввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва баъдан 23 июли соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ» қабул гардиданд, ки онҳо механизми амалӣ намудани талаботи моддаи 25 Конститутсияро ба таври қофӣ муайян ва танзим менамоянд.

Ғайр аз ин падидаи мазкур дар матни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодаи худро меёбанд. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2010 дар ин самт иброз доштанд: «Ҳамчун кафили риояи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон изҳор менамоям, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад».

Муроҷиати шаҳрвандон воситаи боэътимоди амалинамоии фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии шаҳрвандон, манфиатдории онҳо ба корҳои давлатӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад.

Муроҷиати  шаҳрвандон аҳамияти сиёсӣ дорад ва ҳамчун воситаи муҳими алоқаи мустаҳкамсозии дастгоҳи давлатӣ бо аҳолӣ чун сарчашмаи иттилоот барои ҳалли масъалаҳои ҷории иҷтимоӣ ва инчунин масоили ҷамъиятӣ-сиёсӣ зарур аст, зеро шаҳрвандон ба мукаммалсозии зарурии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, дар коркарди низоми муфиди ҳамкорӣ бо намояндагиҳои гуногуни шохаҳои ҳокимият, дар васеънамоии имкониятҳои таъсиррасонӣ ба фаъолияти онҳо ниёз доранд.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки ба тозагӣ қабул гардид, ин падидаро мушаххас намуда, доираи муроҷиаткунандагонро нисбат ба Қонуни қаблӣ васеъ намуд, яъне тибқи Қонуни амалкунанда муроҷиаткунанда шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст, ба ҳисоб меравад.

Яъне баъди қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ» доираи муроҷиаткунандагон васеъ гардида, тибқи ном ва матни он ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд, ки аз ин ҳуқуқи конститутсионӣ бе ягон маҳдудият истифода баранд. Гузашта аз ин, аз ин ҳуқуқ шаҳрвандони хориҷӣ низ истифода бурда метавонанд, зеро дар Қонуни зикргардида меъёри манъкунанда дар ин хусус ҷой надорад.

Гузашта аз ин, Қонуни амалкунанда намудҳои нави муроҷиатҳоро, аз қабили дархост, таклиф, инчунин муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешбинӣ намудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 11, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20 ва 21  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу  озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро (минбаъд муроҷиаткунандагонро) нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд, агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ӯ қабулгардида розӣ набошад.

Дар амалияи ҳамарӯза дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи қабули шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар ҳамин асос шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон —  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин аз ҷониби мудирони Шӯъбаҳои соҳавии мақомот вобаста ба ҷадвали қабули шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Ин аст, ки ҳамасола дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  зиёда аз 2500 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои гузошташудаашон мусоидат карда мешавад. Масалан, аз давраи таъсисёбӣ то моҳи январи соли 2020 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 27 433 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 5394 адад муроҷиати хаттӣ ва 22039 адад муроҷиати шифоҳӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии мақомот ба ҳисоби миёна соле зиёда аз 240 муроҷиати хаттӣ ва 370 муроҷиати шифоҳӣ  ва дар маҷмӯъ 6839 адад (2707 – хаттӣ ва 4132 — шифоҳӣ)  баррасӣ гардидааст. Аксарияти аризаю шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.

Дар амалияи ҳамарӯзаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳам муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳам муроҷиатҳои шифоҳӣ, ки ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ворид мегарданд, тибқи таснифоти онҳо асосан ба ҳуқуқ ва озодиҳои зерини инсон ва шаҳрванд таалуқ доранд: ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ва ғайраҳо.

Бояд қайд намуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Дастгоҳи он муроҷиатҳои шаҳрвандонро мунтазам баррасӣ намуда, барои сари вақт ва ҳамаҷониба қонеъ гардонидани арзу шикоятҳои онҳо, пешгирӣ намудани сабабҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба мақомот, корҳои зиёдеро ба анҷом  мерасонанд.

Масалан, ҳолати кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мунтазам дар ҷаласаҳои назоратии мақомот мавриди муҳокима қарор дода шуда, масъалаҳои сари вақт баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттӣ, талаб намудани ҷавобҳо аз мақомотҳои марбута тибқи муқаррарот аз назорат баровардани муроҷиатҳои назоратии ҳалшуда, зери назорат қарор додани шикоятҳо нисбати санадҳои судӣ ва ғайра муҳокима гардидаанд.

Як хусусияти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  бо ташкили сафарҳои корӣ ба маҳалҳо баромада, қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, ки барои ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва аризаю шикоятҳои онҳо   таъсири  мусбӣ  мерасонанд. Зеро баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз вазифаҳои муҳими мақомот ба ҳисоб меравад.

Чунин  ҳолат соли ҷорӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шуд. Яъне зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувони вилояти Хатлон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маҷмуъ 30 муроҷиаткунандаро қабул намуд. Маълум гардид, ки сокинони ноҳияҳи номбурда бештар ба проблемаҳои  мухталифи ҳуқуқи инсон, аз қабили  тақсимоти муолу мулки муштарак зимни қатъ гаштани ақди никоҳи ҳамсарон,  ба даст овардани қитъаи замин, зӯроварӣ дар оила, саркашӣ аз супоридани алимент, норозӣ будан аз ҳалномаи судӣ, ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ, ба сатҳи кофии зиндагӣ, ба таҳсил ва саломатӣ, дастрас набудан ба оби ошомиданӣ ва ғайраҳо муроҷиат намуданд.  Ба назари мо ин самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар қобили таваҷҷӯҳи сокинони мамлакат мебошад, чунки ин ҳолат имкон медиҳад, ки аксар проблемаҳои мавҷуда дар ҷояш ҳал гардида, қисми дигари онҳо ба мақомоти дахлдор барои ҳалли худро ёфтан равон карда шаванд. Аз ҷониби дигар, проблемаҳои мавҷуда дар назди роҳбарият ва масъулини шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида, ҳолати онҳо муайян мегарданд. Масалан, зимни қабул дар ноҳияи Восеъ дар ҳузури муовини раиси ноҳия аз ҷониби якчанд муроҷиаткунандаи шаҳраки Восеъ муайян гардид, ки то ҳол мушкилоти оби ошомиданӣ, хусусан дастрас набудани оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия мавҷуд аст. Гузашта аз ин, дар арафаи оғози соли нави таҳсил аз ҷониби муроҷиаткунанда (муаллимаи мактаби шаҳрак) иброз шуд, ки то ҳол мактаб ба соли нави хониш омода набуда, шумораи зиёди кӯдакон барои ворид гаштан ба таҳсил дар синфи якум муроҷиат менамоянд, аммо дар мактаб  ҷойҳои қофӣ то ҳол вуҷуд надошт. Ҳамин гуна проблемаҳо зиёд буданд.

Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд чунин самти кор бо муроҷиати шаҳрвандонро тақвият медиҳад, зеро зимни қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо проблемаҳои асосии ҳуқуқи инсон муайян гардида, мӯҳтавои онҳо дар Маърӯзаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки вобаста ба вазъи риояи ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дар қонун муайянгардида ирсол мегарданд, ифодаи худро меёбанд.

Бисёр муҳим аст, ки пеш аз оне, ки муроҷиаткунандагон дар ин ё он мақомот қабул карда мешаванд, сараввал бояд шароити қофӣ баҳри онҳо муҳайё карда шавад. Хусусан, барои шахсони маъюбиятдошта шароитҳои заруриро муҳайё кардан зарур аст. Масалан, бояд барои қабул утоқи алоҳида бо дарназардошти мизу курсиҳои қофӣ ва дигар таҷҳизоти лозима мавҷуд бошад. Мутаасифона, аз санҷишҳое, ки кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мақомоти давлатӣ гузаронидаанд, бармеояд, ки дар бисёре аз онҳо то ҳол утоқи қабул, ҷойи навистани ариза вуҷуд надорад. Ҳол он ки аксари муроҷиаткунандагон аз шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат ба ин ё он мақомот ворид мегарданд.

Ҳамин тариқ,  муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти гуногуни давлатӣ яке аз падидаҳои мӯҳими демократия буда, баррасии ҳамаҷониба, саривақтӣ ва босамари он дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳайси механизми баамалбарории ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, омили баланд бардоштани салоҳиятнокӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор баромад мекунад.

Бобозода Умед — Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ