Натиҷагирӣ аз озмуни беҳтарин қироаткунандаи шеър дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

IMG_3620Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин қироати шеър дар мавзӯъҳои “Тоҷикистон”, “Истиқлолият”, “Ватан” ва “Модар” баргузор ва натиҷагирӣ гардид, ки дар он ҳайати кормандони Дастгоҳи марказии мақомот фаъолона иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи шеърдонӣ, шеърхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ пешбинӣ гардида буд.

Натиҷаҳои озмун бо иштироки роҳбарияти мақомот ва ҷалби мутахассиси соҳа – дотсенти факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Қ.Нурқаев ҷамъбаст гардид. Зимни ҷамъбаст, А.Машрабзода, мутахассиси пешбари Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак сазовори ҷойи якум, А.Қурбонов, котиб-коргузори қабулгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сазовори ҷойи дуюм ва Г.Абдуллоева, котиб-коргузори қабулгоҳи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Доварон озмунро натиҷагирӣ намуда, ба омодагӣ ва иштироки кормандони мақомот баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати доварон “Ифтихоронома” ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба масъалаҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ диққати махсус дода шуда, барои ин тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар мақомот, китобхона амал мекунад, ки дорои адабиёти соҳавӣ ва бедеӣ мебошад.

Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба муқаддасоти кишварамон афзун мегардонад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ