Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

IMG_37995-уми октябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабиниро муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибуллозода Раҷабмо ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро ба ин муносибат шодбош гуфтанд. Мавсуф аз талошҳо ва  заҳматҳои бесобиқаи намояндагони бузурги миллат, ҷиҳати ба ин сатҳ баровардани забони тоҷикӣ мушаххасан ёдовар шуданд. Ҳабибуллозода Р. дар идомаи гуфтаҳои худ аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ишора намуда, иқдомҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати арҷгузорӣ ва эҳёву таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ ба таври махсус қайд намуданд.

Машрабзода Азимҷон мутаххасиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак бо маърӯза таҳти унвони «Забон пояи миллат аст» баромад намуда, перомуни марҳилаҳои гуногуни таърихи инкишоф ва нуфузи забони тоҷикӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла тазакур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму маърифат дар байни дигар забонҳо  мавқеи хосса дорад, Дар замони Сомониён (асрҳои IX-X) забони тоҷикӣ густариш ёфта, забони коргузории давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Минбаъд дар замони ҳукмронии дигар сулолаҳои ғайритоҷикӣ низ забони тоҷикӣ ин мақомашро аз даст надод. Забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ дар баробари забони русӣ ҳамчун забони муошират ва коргузории Тоҷикистони Шуравӣ амал менамуд. Дар маърӯза инчунин тазакур дода шуд, ки мутобиқи моддаи 2-и Конститутсия забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Бо ин манзур, 5- уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар кишвар танзим менамояд.

Вобаста ба муҳтавои маърӯза ва дигар масъалаҳои марбут ба дурнамои инкишофи забони тоҷикӣ аз ҷониби ҳозирин баррасиҳои мушаххас ироа гардид.

Дар анҷом Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак Ҳабибуллозода Раҷабмо ҳозиринро дар партави сиёсати бунёдсозандаи Пешвои миллат ба худогоҳию  худшиносии миллӣ даъват намуда, ҷамъомадро хотима бахшид.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ