Танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия

Ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 сентябри соли 2020 №274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бинобар сабаби хатари паҳншавии коронавируси шакли нав COVID -19» тағйирот ворид карда шуда, мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ бе барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои лозима, аз ҷумла қайди муваққатӣ ва гирифтани иҷозатномаи махсус барои фаъолияти меҳнатӣ «патент» то 15 декабри соли 2020 дароз карда шудааст.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур муҳлати амали корти муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ то 15 декабри соли 2020 тамдид карда шудааст. Ҳамчунин нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки будубоши онҳо ғайримақсаднок эътироф шудааст, амалҳои берункунии маъмурӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия, ихроҷкунӣ ё реадмиссия муваққатан то 15 декабри соли 2020 тадбиқ карда намешавад. Ҳуҷҷатҳои қаблан дода шуда, ки ба ақидаи коршиносон беэътибор дониста шудаанд, аз ҷумла иҷозатнома оид ба фаъолияти меҳнатӣ, патент ва ғайраҳо то 15 декабри соли 2020 амал мекунанд.

Мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия кӯшиш менамояд,ки муносибатҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро ба танзим дароварда, имкон диҳанд, ки онҳо ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд. Аз ин ҷиҳат шахрвандони хориҷӣ имкон доранд шурӯъ аз 15 сентяри соли 2020, яъне дар давоми боз 185 рӯз ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Федералӣ №109-ФЗ шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд дар ҷои муваққатии зисташон худро дар қайд гузоранд. Агар мӯҳлати бақайдгирӣ аз 15 май то 15 сентябри соли 2020 низ ба охир расида бошад, ҳам ин мӯҳлат то 185 рӯз, яъне то 15 декабри соли 2020 тамдид карда мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз 7 сентябри соли 2020 ба қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия манзили истиқоматии шахсӣ доранд, метавонанд ба ҳайси тарафи қабулкунанда иштирок намуда, дигар шаҳрвандони хориҷиро дар қайди манзили зисташон гузоранд.

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дархости шахрвандони хориҷиро барои фаъолияти меҳнатӣ баррасӣ намуда, ба шахсоне, ки расман, яъне ба таври қонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия будубош менамоянд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима иҷозати кор карданро медиҳад. Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки аз 16 июни соли 2020 ба Федератсияи Россия бо мақсади кор кардан омадаанд, метавонанд бо пешниҳоди ариза ба мақомоти дахлдор барои фаъолияти меҳнатӣ иҷозат гиранд ё мӯҳлати патенташонро дароз кунанд ва ё онро аз нав дар дигар минтақаҳо барасмият дароранд.

Бояд қайд намуд, ки имтиёзҳои мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, дар мӯҳлатҳои муайяншуда аз ҳар гуна ҷавобгариҳои маъмурӣ озод бошанд ва вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоии худро беҳ созанд.

Ш. Раҷабов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иљтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ