Сафари кории кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун.

Screenshot_2020-11-02-10-56-57Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 20-24 октябри соли 2020 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомот дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон санҷиши дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохторӣ, санҷиши фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаӣ, вохўрӣ бо фаъолон ва намояндагони мақомоти дар ҳудуди ноҳияҳои мазкур буда дар мавзӯҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон, баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила баргузор намуданд.

Натиҷаи санҷиш дар масъалаи дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ нишон дод, ки дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун аксарияти биноҳо дар солҳои пешин сохта шудаанд ва дар онҳо дастрасии шахсони маъюб ба назар гирифта нашудааст.

Бинобар ин, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомот ва шахсони дахлдор оид ба бартараф намудани монеагиҳо барои дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохтории дар ноҳияҳои мазкур қарордошта, тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Screenshot_2020-11-02-10-56-48Дар вохўрӣ бо фаъолон ва намояндагони мақомоти дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун фаъолияткунанда дар мавзӯҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон,  баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баромад намуданд ва аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дар масъалаи маскун кардан, ҷудо намудани алимент, тақсимоти молу мулк, ба кор таъмин гардидани маъюбон, имтиёзҳо барои маъюбоне, нафақаи маъюбӣ, ба таҳсил фаро гирифтани маъюбон ва дигар саволҳо пешниҳод гардид, аз ҷониби кормандони мақомот ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохўриҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бисёр гузаронида шавад чунки, ин ба манфиати фаъолон ва кормандони мақомоти фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳияҳо мебошад.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ