Конститутсия — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо ҳамаҷониба танзими худро ёфтааст.

Дар баробари ин қабули Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи инсонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд.

Ин санади асосӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намудааст. Дар ҷумҳурӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст, ки ин меъёр ҷавобгўи талаботи ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад. Тибқи таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ дар даҳгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад. Мардуми мо қабули ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ таҷлил менамоянд.

Дар санади асосии мазкур асосҳои сохтори конститутсионӣ меъёрҳое муқаррар карда шудаанд, ки арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз мегарданд.

Инчунин дар боби дуюми Конститутсия оид ба кафолати ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъкид карда шуда, аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз шудани он таъкид мегардад. Ҳамчунин вобаста ба маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститусионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста шудан, кафолат дода мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳукукӣ мавқеи волотаринро ишғол мекунад. Ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ дар заминаи он қарор мегиранд. Ҳеҷ як соҳаи ҳуқуқие нест, ки дар Конститутсия асоси он дар ин ё он сатҳ муайян нагашта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз бадаст овардани истиқлолият аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигар санадҳоро ба тасвиб расидааст, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳои миллии даврии худро дар сохторҳои дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод ва ҳимоя менамояд. Дар натиҷаи баррасии гузоришҳои мазкур ба ҷумҳурӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод мегарданд. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур нақшаи миллии амалҳо таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраршуда барои амалигардонии чорабиниҳо чораҷуӣ менамоянд.

Салоҳуддинов М.М. корманди мақомоти Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди босуботи кишвар мебошад

1559296887_unnamedБаъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард. Ин сана дар таърихи навини мо ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози дигаргунсозиҳои нав дар роҳи бунёди давлати мустақили миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар даврони дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Ибтидо аз ин сана зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлатӣ ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад ва 6 ноябри соли 1994 ин санади муҳим қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароти зарурии ҳуқуқӣ муҳаё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид». Айни ҳол Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои асосӣ кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусан кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. Ҳар як давлат мувофиқи вазъ ва шароити ҷомеаи худ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.

Кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи тамоми қонунгузорӣ мебошад ва барои амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳо шароит муҳайё месозад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Мувофиқи муқаррароти қисми якуми моддаи 5-и Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Дар тафсири илмии Конститутсия моддаи мазкур чунин омадааст, инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд. Имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонад манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд. Бо ин мақсад чи таҷрибаи таърихии ҳуқуқи ниёгон ва чи дастовардҳои ҷаҳони муосир мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Боз дар қисми сеюми моддаи 5 омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бояд тазаккур намуд, ки дар тафсири илмии Конститутсия чунин омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳоро давлат эътироф мекунад. Яъне онҳоро ҳамчун заминаи мавҷудияти инсон дар сарчашмаҳои расмии ҳуқуқ эътироф мекунад, риоя ва иҷрои онҳоро бо кафолатҳо таъмин менамояд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя мекунад ва аз дигар субъектҳо риояи онҳоро талаб мекунад.

Беҳуда нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, аксари коршиносону мутахассисон ва сиёсатмадорон онро чун таҷассумгари ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Гузашта аз он, дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумлаи даҳгонаи беҳтарин намунаи конститутсияҳои давлатҳои дониста шудааст.

Имрӯз метавон бо боварии комил қайд намуд, ки ҷараёни бадастории соҳибихтиёрӣ бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 анҷом ёфта, дар мустаҳакамгардӣ ва инкишофи Тоҷикистон нақши он калон буда ва хоҳад монд. Аз ин рӯ, дар сарнавишти давлати навини тоҷикон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи тиллоӣ сабт шудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи 26-солагии ин бахтномаи миллат қарор дорем таҷлили бошукӯҳи он инчунин эҳтиром риояи он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди меҳандӯсту меҳанпарвари Тоҷикистон мебошад.

Бобохонов С.С. Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.