Конститутсия — қутбнамои фардои дурахшон

KonstitutsiyaРўйдодҳои муҳими даврони соҳибистиқлолиамон ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин се арзиши муҳими асосии миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбад.

Дар шароити имрўза ҷомеаҳои демократиро бе Конститутсия тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар Конститутсия арзишҳои муҳим ва мақсаду мароми ҷомеа, ташкилу фаъолияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон муқаррар карда мешавад, ки инҳо нишондиҳандаи муҳими ҷомеа муосири демократӣ мебошанд.

Албатта, замони таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи бисёр ҳассос буд, зеро мо нав қадамҳои аввали соҳибистиқлолиро гузошта будем.

Баъд аз Иҷлосияи 16 Шўрои Олӣ ниҳоди президентӣ боз дошта шуда, ваколатҳои Роҳбари давлат ба зиммаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Баъди интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ сохтори конститутсионӣ барқарор гардида, мақомоти давлатӣ ба кори худ шуруъ карданд.

Омўзиши масъалаҳои марбут ба таҳияи конститутсия нишон медиҳад, ки дар он давра, албатта, зарур буд, ки конститутсия қабул ва дар он истиқлолияти давлатӣ ба расмият дароварда шуда, сохтори давлатдорӣ, мақсаду мароми ҷомеа, рушди минбаъдаи Тоҷикистон муайян карда мешуд. Ҳодисаҳои он давра ба ин масъала ҳам таъсири бевосита расонидаанд.

Умуман дар Конститутсияе, ки соли 1994 таҳия ва қабул шуда буд, таъсири давраи гузариш дида мешуд. Албатта ин як давраи таърихӣ аст, ки дар он бархўрди замони пештара бо давраи нав ба назар мерасад.

Хушбахтона ин санади сарнавиштсоз, меъёру арзишҳои инсонпарварона, муттаҳидкунанда ва сулҳпарваронаи он садди роҳи бетартибию бенизомӣ, харҷумарҷ ва бесарусомонӣ гардид. Ҳамагон  медонанд, ки муқовимати бемаънии қувваҳои сиёсӣ ва баъдан низоъи дохилӣ ҷомеаро ба буҳрони сиёсӣ ва бунбаст гирифтор карданд, ки роҳи халосӣ аз он ноаён буд. Маҳз тавассути Конститутсия ин роҳ муайян ва устувор гардид ва он роҳе мебошад, ки халқи тоҷик, аҷдодону бузургони гузаштаи мо онро орзу ва талқин мекарданд. Ин бешубҳа ҷомеаи озоди инсонпарвар, адолатхоҳу бонизом ва рушду такмилёфта мебошад ва он дар замони муосир – эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Нақши Конститутся барои рушди минбаъдаи ҷомеа, хусусан ваҳдати миллӣ бузург аст. Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ давлатдорӣ боз ҳам мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия соли 1999 тағйиротҳои бисёр ҳам муҳим қабул шуданд, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи сиёсию иқтисодии кишвар мусоидат карданд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ боз намуд.

Давлатҳое, ки дар давраи гузариш ва рў ба инкишоф қарор доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, пайваста санадҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Конститутсия худро мукаммал мегардонанд .

Конститутсия санади олии ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи ин муносибатҳо ва инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тақозо менамоянд, ки дар навбати худ меъёрҳои Қонуни асосӣ низ тағйиру такмил ёбанд ва имкони васеи пешрафти ҷомеаро муҳайё намоянд.

Дар самти конститутсиясозиву мукаммалгардонии он мардуми мо таҷрибаи хуб доранд. Шуруъ аз соли 1994, тағйиротҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 барои пешрафти мафкураи ҳуқуқии мардуми мо мусоидат кард ва дар ҳаёти сиёсӣ мардуми мо хеле фаъол шуданд. Мардуми мо дар ҳамаи интихоботҳо ва раъйпурсиҳо фаъолона ширкат меварзанд. Иштироки васеи интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид далели ин гуфтаҳост.

Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Тибқи Конститутсия мо роҳи дурусти рушди ҷомеаро интихоб кардем, ки ин барпо кардани як ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Конститутсия таҳкурсии қонунгузории мавҷуда аст. Дар асоси он мо тамоми қонунгузории давлатро омодаву таҳия ва қабул мекунем. Хушбахтона имрўз ҳам конститутсия ва ҳам қонунгузорие, ки мо дар асоси он қабул кардаем, пеш аз ҳама барои сулҳу субот, тартиботу низоми ҷомеа ва пешрафти он хизмат карда истодааст. Ва бошад, ки ба бахти мардуми шарифи Тоҷикистон Конститутсия ҳамеша роҳнамо бошад.

 

С. Қодирӣ сардори шуъбаи ташкилӣиттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаҳои инкишофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи ЧТРўзи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рўз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсия қабул гардидааст. Имсол мо 26-умин солгарди қабули ин санаи тақдирсозро ҷашн хоҳем гирифт. Албатта, ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ мебошад, зеро Конститутсия сарнавишти имрўзу фардои давлатро дар худ таҷассум менамояд.

Мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар асоси Коонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият ба ҳисоб рафта, онро бевосита ва ё бавосита амалӣ мегардонад.

Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро метавон давраи пойдории сохти конститутсионӣ, ҷустуҷў ва интихоби роҳҳои нави инкишоф баъди пошхўрии ҷамъияти сотсиалистӣ номид.

Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо муракаб масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаҳо Конститутсия нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, он аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушахаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусиятҳо, умуман ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ хос аст.

Давраи нави инкишофи конститутсионии Тоҷикистон ба марҳилаи боз созии ҷамъияти Шўравӣ, ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи шартномаи нави ИҶШС ростмеояд. Дар охири солҳои 80-ум баробари муайян кардани таърихи Конститутсияи иттифоқӣ дар Тоҷикистон ҳамкори тағйиру иловаҳо овардан ба Конститутсияи амалкардаистода ва муайян кардани самтҳои асосии тайёр кардани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав дар давраи аввал баланд бардоштани вазъи ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани  мазмуни ҳақиқӣ ва таъмин намудани тараққиёти пуравҷи ҷумҳурӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Қадами аввал барои амалӣ гардонидани инмақсад қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 гардид. Соли 1991 намунаи аввали лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он аз муқаддимаи мухтаар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, иборат аз 150 модда тайёр карданд. Давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон моҳиятан ба сабаби барҳам хўрдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд.

Давраи дуюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия баъди барҳамхўрии ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатхои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд. Дар ин давра мувофиқи амри Президент аз 10-уми феврали соли 1992 гурўҳи кории 9 нафара ташкил ёфт. Лоиҳаи Конститутсияи соли 1992 аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, аз 12 боб ва 136 модда иборат буд. Фасли якум асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номдошт, ки ба бобҳои давлат, ҳолати ҳуқуқии ВМКБ ва асосҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷудомешуд. Фасли дуюм ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда буд. Дар фасли сеюм мувофиқи усули таҷзияи ҳокимият низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ, Президент, Суд ва Прокуратура муқаррар шуда буд. Фасли чорум низом ва тарзи ташкилёбию фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро муқаррар мекард. Фасли панҷум низоми интихобот. Фасли шашум вазъияти фавқулода ва фасли ҳафтум тартиби қабул ва тағйир додан ва илова даровардан ба Конститутсияро ба танзим медароварданд.

Саршавии давраи сеюм кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия ба иҷлосияи 17-уми Шўрои Олӣ аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи навро дар ду намуна:

  1. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ.
  2. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии парлумониро гурўҳи кории комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард.

Раёсати Шўрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба лоиҳа тағйироти лозимӣ дароварда, то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шўрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22 апрели соли 1994 дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз ёфт. Лоиҳа аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда иборат буд. Дар он бисёр меъёру ҳолатҳои лоиҳаи соли 1992, ки ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардида буданд, инъикос ёфтабуд. Ниҳоят Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябрисоли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Баробари қабул кардани Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофро интихоб намуд ва марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба шаҳрвандӣ ва аз давлати Шўравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз гардид. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва фаъолияти озоди иқтисодиро пеш гузошт.

Дигаргуниҳо ва пешравиҳои назаррас дар соҳаҳои заруурӣ – ҳаётии кишвар шароит фароҳам овард, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Шарофов П.Р.