Дарси бозомўзӣ дар ҳошияи Рўзи қабули Конститутсия

IMG_38725-ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти дохилиидоравӣ дар мавзўи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид. Вобаста ба мавзўъ муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов С. баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба як қаттор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин комёбиҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳалли вазифаҳои муҳими дар назди давлат истода мусоидат намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст.

Аз ҷониби дигар иштирокчиён иброз гардид, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро инъикос намуда, барои рушди босуботи кишвар замина эҷод менамояд. Волоияти Конститутсия яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим ба шумор меравад. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи нав дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оғоз шуд.  Дар ин росто, дар самти қонунгузорӣ ҳолати нав оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ба вуҷуд омад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ