Мизи мудаввар дар МИ ЯС 3/5- и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи 5 ноябри соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ дар мавзўҳои «Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон», «Пешгирии шиканҷа» ва «Ҳуқуқҳои маҳкумшудагон» мизи мудаввар гузарониданд.

Мизи мудаввар дар МИ ЯС 3/5-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди в. Суғд гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур Эшонзода Нўъмон — муовини Сардор оид ба корҳои ҳайати шахсӣ тарбиявиии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳусниддин Нидоев — муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва Парвиз Маҷидов — муовини Сардори шуъбаи таҳлили – иттилоотии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўъҳои:

— масъалахои ҷаҳони муосир ва таҳдиди радикализм ва экстремизм дар байни ҷавонон,

— омилҳои сар задани пайвастшавии ҷавонон ба ҳаракатҳо, ҷунбишҳо ва гурўҳҳои ифротгаро, нишонаҳои психологии даъваткунандагон ба ин ҳаракатҳо,

— роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди шиканҷа.

— ҳуқукҳои асосии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон баромад намуданд.

Дар рафти саволу ҷавоб бештар ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ ва ифротгароӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар охир иштирокчиёни чорабиниҳои омўзишӣ пешниҳод намуданд, ки чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шаванд.

Инчунин тибқи нақшаи Гурўҳи мониторинги назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рўзҳои 3-4 ноябри соли 2020 аз ҷониби Гурўҳи мониторингӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/5-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мониторинг гузаронида шуд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ