Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_3896Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар баргузор гардид.

Нахуст Умед Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президент ҳамчун Сарвари давлат дар рушду нумуи кишвари соҳибистиқлоламон аҳамияти хоса дорад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки волоияти қонунро дар кишвар таъмин намуда, эътироф, риоя, ҳифз ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намоем.

Сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Қодирӣ С. бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Зимни маърӯзаҳо аз таърихи пайдоиши мансаби президент, пайдоиши он дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, нақши президент дар пешрафти давлат ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёддоварӣ карда шуд.

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охир У.Бобозода бори дигар ҳозиринро бо ин санаи муҳим табрик ва таҳният гуфта, барои боз ҳам содиқона дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамалакат даъват ба амал оварданд ва  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тансиҳатӣ, умри дароз ва амалӣ гардидани мақсадҳои некашонро таманно намуданд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ