Ташрифи корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои ислоҳӣ

Рўзҳои 26 ва 27-уми ноябри соли 2020 Муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нидоев Ҳусниддин дар арафаи Рўзи ҳуқуқи инсон ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон аз Муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/4 ва Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар рафти ташриф шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳўҷраҳои мулоқот (кўтоҳмуддат ва дарозмуддат), ошхона, ҳаммом ва дигар ҷойҳо дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароитҳои дахлдор  муҳайё карда шудааст.

Ҳангоми ташриф корманди мақомоти ВҲИ роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва маҳкумшудагонро дар арафаи Рўзи ҳуқуқи инсон муборакбод намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан намояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ