Ташрифи кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ноҳияҳои Шаҳристон, Ҳамадонӣ ва Ванҷ.

20201123_103401Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 23-28 ноябри соли 2020 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти мазкур дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва Ванҷи ВМКБ санҷиши дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохторӣ гузаронида, бо фаъолон ва намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии дар ҳудуди ноҳияҳои мазкур буда, вохўрӣ карда дар мавзӯҳои «Санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон» баромад намуданд.

Санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияҳои Шаҳристон, Ҳамадонӣ ва Ванҷ аксарияти биноҳо ба талаботи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (35-01-2012) ҷавобгўй намебошанд.

Бинобар ин, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шахсони масъул тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки вобаста ба бартараф намудани монеагиҳо чораандешӣ намоянд.

Зимни вохўриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳристон, Ҳамадонӣ ва Ванҷ фаъолияткунанда ба масъалаҳои ба кор таъмин гардидан, имтиёзҳо, нафақа, ба таҳсил фаро гирифтани маъюбон диққати махсус дода шуд.

Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохўриҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бисёр гузаронида шавад чунки, ин ба манфиати фаъолон ва кормандони мақомоти фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳияҳо мебошад.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ