Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобозода Умед бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR), ҷаноби Мулугета Зевди

IMG_3877Санаи 10 ноябри соли 2020 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR), ҷаноби Мулугета Зевди мулоқот доир намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ашуров М. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Салихов З. иштирок доштанд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода нахуст ташрифи ҷаноби Мулугета Зевдиро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дод ва қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода иброз доштанд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ташкил шуданаш, дар самти ҳимоя ва таъмини эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар маҷмуъ, хусусан дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд (апатридҳо), ки яке аз табақаҳои осебпазирро ташкил медиҳанд, аҳамияти махсус медиҳад.

Аз ҷониби Мулугета Зевди ҷиҳати қабули гарм барои мулоқот ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ арзи сипос карда шуд.

Зимни мулоқот ҷаноби Мулугета Зевди пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрванд дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.

Дар охири мулоқот Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR), ҷаноби Мулугета Зевди аз Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ