Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

50779479952_b94a8a98f3 ПРЕЗИДЕНТ30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти боз ҳам босамари Ҳукумати мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2021 таҳия гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини саривақтии бандҳои нақшаи корӣ, аз ҷумла омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар кори маҷлис оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф шунида шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф ва 119 бинои муассисаи таълимӣ барои 20 ҳазору 620 ҷойи нишаст ба маблағи 214 миллиону 306 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки ҳамагӣ 22,4 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барнома тадбирҳои мушаххас андешанд. Бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявӣ ва ҷалби сармоя бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро ба роҳ монда, барои хонандагон ҷойҳои нави нишаст таъмин намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар вилоят Хатлон ҷалб карданд.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ниҳолпарварӣ” ва як хулосаи Ҳукумати мамлакат — Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021 ва Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ҳисобот дод.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии масъалаҳои муҳокимашуда ва дастурҳои қаблии Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти сохторҳои марбута доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини нерӯи барқ ва гармӣ ба аҳолию дигар истеъмолкунандагон, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он дода шуд.

www.president.tj

Оид ба натиҷаи баргузории мизи мудаввар

IMG_6665Рӯзи 25 декабри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ натиҷаи мониторинги вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ба биноҳои инфрасохтории ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Ванҷ, Шаҳристон ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки рӯзҳои 23 — 28 ноябри соли 2020 дар ноҳияҳои болозикр аз ҷониби кормандони мақомот гузаронида шуд, баррасӣ гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Иброҳимзода И., Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Зикрихудоев А., намояндагони Ташкилоти байналмилалии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Икромов С. ва Ҷунайдова У., Роҳбари Дастгоҳ, сардорони шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Тибқи Барнома Раҷабов Ш. сардори шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи маъюбон” баромад намуда, Зикрихудоев А. вобаста ба фаъолияти “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар самти таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва ҳамкориҳо бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобохонов С.

оид ба натиҷаҳои мониторингҳо вобаста ба вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ба биноҳои инфрасохтории ноҳияҳои Ванҷ, Шаҳристон ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Панҷ ва Ҷайҳун ҳисобот доданд.

Дар муҳокимаҳо намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Раиси Иттиҳодияи милли маъюбони Тоҷикистон, намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштироки фаъолона намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни чорабинии мазкур, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати мониторингҳои банақша гирифташуда, тавсиҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай

2020-12-28 20- СОЛАГИАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.

Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода баранд.

www.president.tj

Баргузории тренинг дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

2

Тибқи Дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32/10-228 аз 14.02.2019 рӯзҳои 24-26 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд. Тренинги мазкур дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Тренинг дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми СММ» бо ҷалби коршиносони миллӣ баргузор гардида, дар он 18 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

 Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ мавзӯъҳои ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз, навъҳои табъиз ва ҷиноятҳо дар заминаи бадбинӣ, Шарҳи универсалии даврӣ, Стратегияи миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои то соли 2030 ва ғайраҳо мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки ин панҷумин тренинг дар доираи татбиқи давраи сеюми Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад ва баргузории боз як тренинги дигар ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баррасии масъалаҳои истифодаи оқилонаи нерӯи барқ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

20201012_100018Мачлиси 9 моха

Санаи 24 декабри соли 2020 дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки ҳамаи кормандони мақомот доир ба масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи таҷҳизоти барқии серхароҷот ва пардохти саривақтии  ҳаққи истифодаи нерӯи барқ машварати корӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чорабинии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 11 декабри соли 2020 баён доштанд, гузаронида мешавад.

У. Бобозода самаранок ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии он ва худдорӣ намудан аз ҳаргуна қонунвайронкуниҳо дар ин самтро дар радифи тамоми шаҳрвандони кишвар вазифаи ҳамаи кормандони мақомот ҳисобид.

Роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот низ дар чорабинӣ ибрози назар намуда, ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар хонаю ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани талаботро таъкид намуданд.

Дар машварати корӣ инчунин масъалаҳои ҳолати санитарию эпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ матраҳ шуд.

Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода  таъкид намуд, ки  ҳар як корманд ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода намудани нерӯи барқ, барои бе мушкили гузаронидани фасли сармо масъулият дошта, зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолии кишвар масъалаҳои мазкурро ҳамеша матраҳ намоянд.

  Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи оби Тоҷикистонро қабул кард

21 декабри 2020 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 кишвар пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

Санади мазкур, ки ба қатъномаҳои қаблии Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” такя менамояд, таъкид мекунад, ки захираҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани фақру гуруснагӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Қатънома ҳамчунин бо нигаронӣ зикр менамояд, ки тағйирёбии иқлим аз омилҳое мебошад, ки метавонад ба шиддати норасоии об дар саросари ҷаҳон боис шавад ва дар ин росто зарурати таҳияи роҳбурдҳои созгорӣ ба тағйирёбии иқлимро барои ҳалли мушкилоти марбут ба об таъкид мекунад.

Дар шароити ҳамагирии бемории коронавирус (COVID-19) қатънома аҳаммияти истисноии оби ошомидании бехатар ва васоили беҳдоштию гигиениро барои талошҳои ҷаҳонӣ дар таҳким ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба хидматрасониҳои тандурустӣ эътироф мекунад.

Дар бахши амалиётии қатънома қарор дар бораи аз 22 то 24 марти 2023 дар Ню-Йорк баргузор кардани Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Конфронси СММ-2023)  таъйид гардида, пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд бобати мизбонии муштараки ин конфронс мавриди истиқбол қарор гирифтааст.

Шоёни зикр аст, ки дар ҷараёни Конфронси СММ-2023 қарор аст дар баробари дигар мушкилоти марбут ба захираҳои об, ба рушди устувор ва мудирияти якпорчаи захираҳои обӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳитизистӣ, татбиқ ва тарғиби барномаву тарҳҳои марбута, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳама сатҳҳо ба манзури мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 бозтоб ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

Қатънома инчунин қарор мекунад, ки мушкилот ва монеаҳои эҳтимолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Даҳсола шиносоӣ шаванд, табодули афкор ва таҳияи тадбирҳову ташаббусҳои лозим барои расидани босуръат ба ҳадафҳо дар нимаи дуюми Даҳсола сурат гиранд ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои иштирок дар ин раванд ҷалб шаванд, то ки ҳукуматҳо, низоми СММ, созмонҳои байниҳукуматӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои хайриявӣ чолишҳову имкониятҳои марбут ба ҳадафҳои Даҳсола ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба обро арзёбӣ кунанд.

Қатънома аз Раиси Маҷмаи Умумии СММ бори дигар дархост мекунад, ки дар Ню-Йорк дар соли 2021 нишасти сатҳи баланди якрӯзаро бобати татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба об баргузор кунад.

Илова ба ин, қатънома аз Раиси Маҷмаи Умумӣ дархост менамояд, ки ҷиҳати ниҳоӣ кардани мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари ташкилии Конфронси СММ-2023 то ноябри 2022 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нишасти якрӯзаи тадорукотиро доир намояд.

Ҳамзамон қатънома аз пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2022 дар Душанбе ба манзури омодагии муассир ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсола, ки метавонад ба раванди тадорукот ба Конфронси СММ-2023 низ саҳм гузорад, истиқбол мекунад.

Гузашта аз ин, қатънома зимни таъйиди қарори худ дар бораи зарурати баргузории нишастҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз пешниҳодҳои Ҳукумати Португалия дар мавриди доир намудани Симпозиуми сатҳи баланд оид ба захираҳои обӣ зимни Конфронси СММ роҷеъ ба уқёнус, Ҳукумати Олмон доир ба баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба захираҳои обӣ, Ҳукумати Япония роҷеъ ба мусоидат дар танзими Нишасти сарони Осиё ва Уқёнуси Ором апрели 2022, Ҳукумати Сенегал дар мавриди баргузории Нуҳумин Форуми ҷаҳонии об аз 21 то 26 марти 2022 ва давлатҳои дигари узв бобати ташкили ҳамоишҳо ба манзури саҳмгузорӣ ба бознигарии миёнамуддати фарогир низ истиқбол менамояд.

Қатънома ба кишварҳои узв, ниҳодҳои дахлдори СММ, муассисаҳои тахассусӣ, комиссияҳои минтақавӣ ва созмонҳои дигари низоми СММ, инчунин шарикони дигари дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ, тавсия медиҳад, ки ба мусоидат ба бознигарӣ ва иҷрои барномаҳои Даҳсола, аз ҷумла аз тариқи зарфиятсозӣ, ба манзури кумак ба татбиқи Рӯзномаи 2030 идома диҳанд.

Бояд зикр кард, ки Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал метавонад бистари муҳим ва бамавқеъро барои баррасӣ ва мубодилаи афкор дар мавриди тайфи густардаи масъалаҳои марбут ба об фароҳам оварад ва идомаи сазовори нахустин Конфронси СММ оид ба захираҳои обӣ, ки дар соли 1977 дар Мар-дел- Плата, Аргентина баргузор шуда буд, гардад.

Бешак, қабули қатъномаи мазкури Маҷмаи Умумии СММ гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ аст.

www.mfa.tj

Мизҳои мудаввар дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20201218_112522

Рўзҳои 17 -18 декабри соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарон ва  сарбозони Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисмҳои ҳарбии 06015 ва 08010 –и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзўъҳои «Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон», «Пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» ва «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ» мизҳои мудаввар гузарониданд.

Дар семинарҳои мазкур Сайорифзода Қобилҷон муовини Сардори шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва банақшагирии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявии Вазорати мудофиаи ҶТ, Ҳусниддин Нидоев ва Шаҳбоз Лоиқов кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҷаҳони муосир ва таҳдиди радикализм ва экстремизм дар байни ҷавонон; омилҳои сар задани пайвастшавии ҷавонон ба ҳаракатҳо ҷунбишҳо ва гурўҳҳои ифротгаро, нишонаҳои психологии даъваткунандагон ба ин ҳаракатҳо; роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ғайри оинномавӣ; ҳуқукҳои асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигарҳо баромад намуданд.

Дар рафти саволу ҷавоб бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои сарбозон дар давраи адои хизмат ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар охир иштирокчиёни чорабиниҳои омўзишӣ пешниҳод намуданд, ки чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шаванд.

Инчунин бо мақсади иҷрои банди 92 барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рўзҳои 17 – 18 декабри соли 2020 аз ҷониби кормандони Дастгоҳи мақомот ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбии зикргардида санҷиш гузаронида шуд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

50732861602_0816fc32e6_c18 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Шӯрои Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он, қарорҳои Шӯро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дар бораи дар соли 2021 ба ҷониби Беларус гузаштани раёсат дар ИДМ-ро тасдиқ карданд. Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаҳои низомӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии Иттиҳод, қарорҳои дигари муҳими Шӯрои сарони давлатҳо қабул карда шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарфи назар аз шароити душвори кунунӣ, таъкид карданд. Инчунин зикр гардид, ки рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Сипас, Сарвари давлати мо дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд. Дар ин зимн, ба талошҳои миёнаравии Федератсияи Россия ва амалиётҳои қатъии роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба созиш дар бораи оташбас дар минтақаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ равона шуда буданд, баҳои баланд дода шуд. Пешвои миллат алоқамандии самимии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ таъкид намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар баргузории интихоботи парлумонии дарпешистода ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар интихоботи президентӣ, ки моҳи январи соли 2021 баргузор мегарданд, муваффақият орзу карданд.

Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ имсол ба он дучор омад, суханронӣ карда, ба таҳдиди он ба амнияти озуқаворӣ ва бӯҳрони башардӯстонаи бисёр кишварҳо, таваҷҷуҳи махсус доданд. “Тибқи баҳогузории сохторҳои салоҳиятдори СММ, бинобар таназзули шадиди иқтисодӣ ва афзоиши якбораи бекорӣ шумораи гуруснагон дар ҷаҳон то ба 270 миллион нафар, яъне ду баробар афзоиш ёфт”, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти тамоюли манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, Президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки дар доираи Иттиҳод ба оқибатҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодии пандемия якҷоя вокуниш нишон дода, тадбирҳои муассиртар қабул ва ба рушди амалии сегменти тиҷоративу иқтисодии ҳамкории дорои иқтидори азим, аҳамият дода шавад. Дар ин зимн, робитаҳои фаъоли тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва энергетика, дар соҳаҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ ва дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун самтҳои афзалиятнок ном бурда шуданд. Дар интиҳои баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дахл карда, андешидани чораҳои саривақтию таъхирнопазирро ҷиҳати муқовимат ба оқибатҳои он таъкид намуданд. Дар ин замина, дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои об, афзоиши шумораи сел, обхезӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар зарари калон мерасонанд, камобии шадид дар таърихи муосир махсусан қайд карда шуд.

Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат вазъи ташвишовари имрӯзаи минтақа ва ҷаҳонро, ки таҳти таъсири тамоюли афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ташаккул ёфтааст, таҳлил карданд. Дар ин зимн, қабули саривақтии қарорҳо дар доираи Иттиҳод оид ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии Иттиҳод таъкид карда шуд. Инчунин ба масъалаҳои рушди вазъ дар Афғонистон ва талошҳои сиёсию дипломатӣ, ки ба истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар равона шудаанд, дахл карданд.

Сардори давлати мо аҳамияти тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни кишварҳои узви Иттиҳодро махсус зикр намуданд. Ба як қатор чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки баргузории онҳо дар пойтахти Тоҷикистон соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи Барномаи шаҳри Душанбе — Пойтахти фарҳангии ИДМ ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, барои идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи ИДМ ба нафъи шукуфоии минбаъдаи кишварҳо ва халқҳои давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу карданд.

www.president.tj

Иштирок ва баромади Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар онлайн-конференсия бахшида ба 25-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (омбудсмен) ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

34

Санаи 11 декабри соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар онлайн-конференсия бахшида ба 25-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (омбудсмен) ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар мавзўи «Фаъолияти рақамҳуруфии (сифровизатсия)-и Омбудсман: механизмҳои навгонии таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон» иштирок ва бо маърӯза баромад намуд.

Дар кори конференсия ҳамчунин Ваколатдорони (Омбудсманҳои) кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, шоҳигарии Қатар, шоҳигарии Тайланд, Туркия, Полша, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии самти ҳуқуқи инсон ширкат намуданд.

Дар онлайн-конференсияи болозикр суханони табрикотӣ бахшида ба 25-солагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин масоили фаъолияти Ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон (НМҲҲИ) дар давраи паҳншавии сирояти КОВИД-19, самтҳои фаъолият ва ҳамкориҳои НМҲҲИ дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо истифода аз усулҳои навгонии технологӣ ва электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  У. Бобозода дар ҷамъбасти кори чорабинии  мазкур роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо ин санаи ба онҳо муҳим табрик ва таҳният гуфта, мувафаққияту бурбориҳоро дар корҳои минбаъдаашон таманно намуд

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон

IMG_3956

Санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.11.2020 №32/10-2175, бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар доираи таҷлили Рўзи ҳуқуқи инсон, ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — У. Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният намуд. У.Бобозода зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад.

Ин ҷашн ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида буд вобастагӣ дорад. Санади мазкур дар таърихи инсоният нақши муҳим ва назаррас дошта, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва зиёда аз 72 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баробари ба Истиқлолияти давлатӣ мушараф гардидан Эъломияи мазкурро эътироф намуда, аксари санадҳои байналмилалии марбут ба соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид. Онҳо қисми  таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардида, қонунгузории миллӣ ба онҳо мутобиқ гардонида шуданд.

IMG_3974Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба ин ҷашн суханронӣ ва дар мавзӯъҳои «Аҳамияти қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва нақши он дар боло бурдани мақому манзалати инсон», «нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Натиҷаҳои пешакии татбиқи  барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар солҳои 2013-2020  ва дигар мавзӯъҳо маърӯзаҳо карда шуд.

Баъдан, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба маърӯзаҳои ироагардида фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  У.Бобозода дар ҷамъбаст иштирокчиёни чорабинии  мазкурро бо ин санаи муҳим табрик ва таҳният гуфта, барои фаъолона ширкат варзиданашон изҳори  миннатдорӣ баён намуд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ