Мизи мудаввари мақомоти ВҲИ ҶТ дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон

20201201_085950Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола дар баробари дигар давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти ВҲИ ҶТ ҳамасола силсилачорабиниҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки муддати як ҳафта идома ёфта, рӯзи 10-декабр ҷамъбаст карда мешаванд.

Ҳамасола 3-декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи қарори Ассамблеяи генералии СММ №47/3 аз 14 октябри соли 1992 ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон пешбурди ҳуқуқи маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ҷалб намудани таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки иқдоми мазкур дар раванди бунёди ҷомеаи таҳаммулпазир ва аз монеаҳои иҷтимоӣ озод қадами муҳим мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018-2020 мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогирро самти афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешид. Аз ҷумла, дар доираи амалисозии Стратегияи зикршуда аз ҷониби ВҲК ҶТ  ба 5 минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бӯстон ва Конибодоми вилояти Суғд сафарҳои корӣ анҷом дода шуданд.

Сафарҳои кории мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуданд.

Инчунин соли 2020 аз ҷониби гурӯҳҳои кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба саломатӣ дар 3 марказҳои саломатӣ, ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил дар 2 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва 3 мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ мониторингҳо гузаронида шуданд.

Ба ҳайати гурӯҳи мониторингӣ намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳаёт дар оила”, “Рушди инклюзия” ва “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” шомил гардида, дар фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ ҳиссагузорӣ намуданд.

20201201_100951Натиҷаҳои ҷамъбастии сафарҳои кории мазкур ва аз ҷумла мониторинги фаъолияти муассисаҳои номбаршуда рӯзи 1 декабри соли 2020 дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар мизи мудаввари мақомоти ВҲИ ҶТ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ