Эъломияи умумии ҳуқуқи башар – санади тақдирсоз

Без названия (1)Аз соли 1950 инҷониб,  ҳамасола   10 декабр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад, ки ба ифтихори рӯзи қабули (10 декабри соли 1948)  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  бахшида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”  ин рӯз аз соли 2011  ҷашн гирифта мешавад.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои тамоми башарият ҷиҳати пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аҳамияти  бузургро соҳиб аст.  Дар  матни он ҳамаи ҳуҷҷатҳои  дар соҳаи ҳуқуқи инсон то нимаи асри ХХ қабулшуда, конститутсияҳои то  он давра амалкунандаи давлатҳои ҷаҳон, китобҳои маъмули динҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Забур», «Таврот», «Инҷил» ва  «Қуръон»  ба инобат гирифта шуда, дар худ Консепсияи ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои инсонро таҷассум намудаааст. Аз Эъломия бармеояд, ки  меҳвари асосии   ҳуқуқу озодиҳои инсон  эътирофи қадру қимати шахсият аст, ки он  ба тамоми аҳли башар хос буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум мебошанд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои қабули санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузоштааст, ки дар байни онҳо шартномаҳои барои иҷро ҳатмӣ —  Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки соли 1966 қабул шудаанд, накши муҳим мебозанд.

Эъломия ҳанӯз ҳам бо гузашти  зиёда  70 соли амали худ ба ҳаёти инсонҳо таъсир расонида, ҳамчун яке аз санади муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Принсипҳои асосии он ба қонунгузорӣ ва конститутсияҳои давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ тадбирҳое андешида мешаванд, ки ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамаҷониба мусодат менамоянд.

Бо қабули Конститутсияи соли 1994  инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, ба вазифаи муҳими ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992)  аксари санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонидааст. Аз  ҷумла, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли 1998, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ соли 1998, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ соли 1995,  Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон соли1993, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф соли 1995, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак соли1993,  Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаи онҳо соли 2002  тасдиқ ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон соли 2018 ба имзо расонида шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб оид ба иҷрои ин санадҳои байналмилалӣ  маърўзаҳои миллии худро ба сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод  карда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо мегирад.

Ду маротиба, солҳои 2012 ва 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расмиёти Шарҳи умумии даврӣ, ки онро Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба уҳда дорад, гузашта тавсияҳои дахлдор гирифтааст. Барои таъмини иҷрои тавсияҳои  сохторҳои марбутаи СММ дар ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи нақшаҳои миллӣ таҷриба гардидааст,  ки дар онҳо вазорату идораҳои дахлдор, масъулину иҷрокунандагон мушаххас шудаанд.

Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2009 ва соли 2016 таъсиси вазифаи  нав,  Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз тадбирҳои муассири  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими воситаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад.

Мақомоти  мазкур  бо мақсади иҷрои вазифаҳои асосии худ  дар самти қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва амалияи истифодаи он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омўзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳо фаъолияташро сол аз сол тақвият бахшида истодааст.

Алҳол  таҳияи лоиҳаҳои Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон,  Стратегияи фаъолияти мақомоти ВҲИ барои солҳои 2021-2025  ва   Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ” бо назардошти мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба Принсипҳои  Париж дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз соли 2011 ва сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз соли 2017 ҳамеша фаъол буда, дорои маводҳои зиёд ва арзишманди соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд ва ҳамасола аз онҳо ҳазорҳо муштариён истифода менамоянд.

Дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон китобхона бо хазинаи  наздики 3 ҳазор китобу адабиётҳои соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки ҳамасола  бо маводҳои нав пурра мегардад  ва аз ин хазинаи дар ҷумҳурӣ нодир олимону донишҷӯён, кормандони соҳа  ба таври васеъ истифода менамоянд.

Бо таъсиси  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ корҳо оид ба тарғиби ҳуқуқи инсон ва  баланд бардоштани маърифати мардум дар ин соҳа хеле фаъолтар гардиданд.

Гузаронидани санҷишу мониторингҳо, хусусан дар муасссисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, семинару машваратҳо бо кормандони маҳбасҳо,  афсарони қисмҳои ҳарбӣ, кормандони беморхонаҳои руҳӣ ва мактабҳои махсус ва дигарон боиси баланд шудани масъулиятнокии онҳо дар масоили марбут ба ҳуқуқи инсон гардида истодааст.

Дар ин раванд  амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия гардида,   бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст, нақши муҳим мебозад.

Дар доираи он  аз фанни “Ҳуқуқи инсон” 17 барномаҳои мақсаднок таҳия гардида, дар низоми маориф, курсҳои омўзишӣ ва бозомўзии муаллимон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳҳо  амалӣ шуда истодаанд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди таҳия, муҳокимаҳои пешакии маърӯзаҳо  ба сохторҳои марбутаи СММ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, барномаҳо ва стратегӣ  бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ  ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун платформаи созанда баромад менамояд. Ҳамаи маърўзаҳои миллии Тоҷикистон, ки дар 10 соли охир ба сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд ва аксари нақшаҳои миллӣ, ки дар ин самт қабул шудаанд, дар ҳамин шакл бо муҳокимаи васеъи тарафҳои алоқаманд таҳия ва баррасӣ гардидаанд.

Ҳоло мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки  аз соли 2012     соҳиби  мақоми “В” Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад, бо мақсади  гирифтани мақоми “А” ҷиҳати татбиқи тавсияҳои аз ҷониби ин сохтори байналмилалӣ пешниҳодшуда, ки ба мандат, мустақилият ва маблағгузории мақомот вобаста ҳастанд, саъю талош дорад.

Соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо ҳамроҳ гардид.

Имсол   дар ҷумҳурӣ  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва мактабҳои миёнаву олии ҷумҳурӣ вохӯриву мулоқотҳо, семинару конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ ташкил ва гузаронида шуда истодаанд. Чорабинии ниҳоии ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Серена” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ  гузаронида мешавад.

Итминон дорем, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минбаъда фаъолияти худро боз ҳам беҳтару самарабахш  ба роҳ монда, ба риоя ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон  дар ҷумҳурӣ  саҳми назаррас мегузорад.

Ҳакимиён С. Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон