Дастгоҳи Ваколатдор

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар  Ҷумҳурии   Тоҷикистон»

 

БОБИ 6.
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

Моддаи 33. Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
1. Барои таъмини фаъолияти вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва амалӣ намудани ваколатҳои ӯ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода мешавад.
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мӯҳру бланкҳо бо номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 3.Кормандони Дастгоҳ хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
4. Дастгоҳ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро амалӣ менамояд.
5. Сохтор ва низомномаи Дастгоҳ, низомномаи воҳидҳои сохтории онро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад.
6. Дар доираи сметаи хароҷот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷадвали штатии Дастгоҳро тасдиқ мекунад.
7. Оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти Дастгоҳ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фармону амрҳо қабул мекунад.

Иқтибос аз Низомномаи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастгоҳ) дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ваколатдор) ташкил карда мешавад.

1.2. Дастгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», дигар қонунҳо ва санадҳо меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳбарӣ мегирад.

1.3. Дастгоҳ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ амалӣ менамояд.