
Маълумот барои тамос:
Телефон
(+992 37) 221-76-02
Суроғаи электронӣ:
Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.
Ҳабибуллозода Раҷабмо Ҳабибуло
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
25 ноябри соли 1965 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
-
Соли 1988 Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултети ҳуқуқшиносиро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст.
Собиқаи меҳнатӣ
-
Солҳои 1983-1988 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
-
Солҳои 1989-1994 – юрисконсулти фабрикаи дузандагии шаҳри Қурғонтеппа;
-
Солҳои 1994-1995 – муҳосиб оид ба пардохтҳои ғайринақдии Ширкати дӯзандагии “Гулистон”;
-
Солҳои 1995-1996 – муҳосиби калони шуъбаи ҳисоби Ширкати дӯзандагии “Гулистон”;
-
Солҳои 1996-2004 – ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2004-2009 – сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Моҳҳои июн-августи соли 2009 – Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2009-2010 – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2010-2016 – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Аз соли 2016 – Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мукофотҳои давлатии Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006) ва Унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019) мукофотонида шудааст.