Фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ

 

Ҷиҳати амалисозии салоҳияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мутобиқи моддаи 35 Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуруъ аз моҳи марти соли 2011 дар кишвар таъсиси Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шуд.

Дар тули 10 сол бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, Исфара, ноҳияҳои Айниву Рашт, Ҷайҳуну Қубодиён дар маҷмӯъ 11 Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ сол то сол тақвият ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Таҷрибаи рушди институтсионалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт мавриди таваҷҷуҳи дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа қарор гирифтааст.

Дар назди Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор аз ҳисоби намояндагони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи корӣ доранд, Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. Мақсад аз ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор ин мусоидат ба Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии вазифаҳои дар назди он гузошташуда ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди ҳуқуқи инсон мебошад.

Бинобар ба итмом расидани муҳлати амали лоиҳаҳои дахлдор фаъолияти 2 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Ҷайҳун қатъ гардиданд.

Бо дарназардошти фаъолияти мусбии сохторҳои минтақавии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз соли 2014 инҷониб 3 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар маркази вилоятҳо ба маблағгузории буҷети давлатӣ гузаронида шуданд.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 марти соли 2016, №1281 ва Фармони Президенти ҶТ аз 15 августи соли 2016, №737 “Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Қабулгоҳҳои ҷамъияти ВҲИ дар шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа ва Хуҷанд мақоми Намояндагии ВҲИ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дода шуда, кормандони онҳо ба ҳайати хизматчиёни давлатӣ ворид карда шуданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 3 Намояндагӣ ва 6 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 13 нафар мутахассисон кор мекунанд.

Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва пеш аз ҳама ба табақаҳои осебпазири он ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд.

Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ ҷиҳати қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба онҳо фаҳмонидани шаклу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттилоотонии ҷомеа дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон, расонидани маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ ба муроҷиаткунандагон, ташкили машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар маҳалҳо мусоидат менамоянд.