Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2026
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

Санаи 3 феврали соли 2026 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Конференсияи  байналмилалӣ бахшида ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа: омӯзиши роҳҳои батасвибрасонӣ ва таъсиси механизми миллии пешгирикунанда дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуртураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсони даъватшуда, иштирок намуданд.

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ҳозиринро ба ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша карда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ ва дахлнопазир эътироф намуд.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бар меояд, иҷро менамояд.

Иброз гардид, ки яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки шиканҷаро  қатъиян маҳкум мекунад ва тамоми амалҳои шиканҷаро ҷиноят эътироф намудааст, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад, ки бо қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 10 декабри соли 1984 қабул шуда, 26 июни соли 1987 эътибор пайдо кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид, ки он аз 10 феврали соли 1995 дар ҳудуди кишвар эътибор пайдо кардааст.

Тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода шавад.

Тазаккур дода шуд, ки Протоколи иловагии зикргардида 18 декабри соли 2002 қабул ва 22 июни соли 2006 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст, ки мақсади он аз таъсиси механизми миллии пешгирии шиканҷа иборат мебошад.

Иброз гардид, ки соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва батасвибрасонии Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа, таъсис дода шуда, худи ҳамон сол лоиҳаи Низомнома дар бораи фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ таҳия ва бо фармони Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон тасдиқ карда шуданд.

Таҳлили фаъолияти гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки он метавонад барои роҳандозӣ намудани механизми миллии пешгирии шиканҷа дар шакли «Омбудсман +» асос гардад. Ба зиммаи Омбудсман вогузор кардани ваколатҳои ММПШ нисбат ба таъсиси мақоми алоҳида, каммасраф хоҳад буд, зеро имкон медиҳад инфрасохтори алакай вуҷуддошта ва ҳайати кормандони Омбудсмен васеъ истифода карда шаванд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиёни конференсия музокирот ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор