Санаи 2-юми феврали соли 2026 дар Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон вохурии Роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, хонум Дениз Люти Кришан бо сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забирзода Некрӯй бо дастур ва дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки бевоситаи Аташеи Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷӣ, хонум Шабнам Одинаева баргузор гардид.
Дар доираи вохурии мазкур ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар мамлакат бо дарназардошти манфиатҳои Дафтари ҳамкории Швейтсария ва ваколатҳои Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози афкор намуданд.
Забирзода Некрӯй барои қабули вохӯрӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Дениз Люти Кришан изҳори сипос намуда, иброз намуданд, ки Швейтсария барои мо на танҳо як шарики рушд, балки намунаи давлатдории муосир, идоракунии шаффоф ва ҳифзи муассири ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкорон мебошад. Мо фаъолияти Дафтари ҳамкории Швейтсарияро дар Тоҷикистон, бахусус дар самтҳои идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ, баланд арзёбӣ мекунем.
Пас аз он, оид ба масалаҳои ҳамкориҳои судманд, нақшаҳои минбаъда ва фаъолияти Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Хонум Дениз Люти Кришан дар масалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо, махсусан, ҳамкорӣ дар самти таҳия ва ҷорӣ намудани модели Омбудсмени молиявӣ, таҳияи механизмҳои ҳалли баҳсҳои молиявӣ пеш аз мурофиаи судӣ, такмили қонунгузорӣ бо истифода аз таҷрибаи Швейтсария ва стандартҳои байналмилалӣ, дастгирии барномаҳои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ, рушди механизмҳои миёнаравӣ ва ҳалли баҳсҳо байни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ, гузаронидани таҳқиқот ва лоиҳаҳои пилотӣ бо дастгирии SECO таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохурӣ Забирзода Некрӯй иброз намуданд, ки ҳамкории мо метавонад на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, балки ба таҳкими эътимод ба низоми молиявӣ, беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории кушода ва дарозмуддат бо Дафтари ҳамкории Швейтсария омода мебошад ва умедворем, ки ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкории судманд мегардад.









