Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2026
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

    Санаи 13-уми марти соли 2026 дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе вохӯрии намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ҷаноби Штефан Ҳаниш, мушовири идоракунии дурусти Департаменти иқтисод ва муҳити зист, ҷаноби Эмрах Муҳаммад Соғанҷӣ,  мушовири иқтисодии Департаменти иқтисод ва муҳити зист, ҷаноби Люк Митон, мушовири волоияти қонуни Департаменти андозагирии инсон, хонум Малика Ҷуразода,  ассистенти барномавии шӯъбаи идоракунии дурусти Департаменти иқтисод ва муҳити зист бо сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Забирзода Некрӯй ва сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сайнозимзода Фирӯз  бо дастур ва дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар доираи вохӯрии мазкур ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар мамлакат бо дарназардошти манфиатҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ибрози афкор намуданд.

    Забирзода Некрӯй барои ташкил ва баргузор намудани ин вохӯрии муҳим ва таваҷҷуҳи доимӣ ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе изҳори сипос карда, иброз намуданд, ки ҳамкории созандаро бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе хеле қадр менамоянд. Аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми САҲА дар рушди бахши хусусӣ ва дастгирии ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдории самимӣ намуданд.

    Пас аз он, оид ба масалаҳои ҳамкориҳои судманд, нақшаҳои минбаъда  ва фаъолияти  шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

    Имрӯз масъалаи ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Дар шароити рушди босуръати бозори молиявӣ ва афзоиши хизматрасониҳои бонкӣ, қарзӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ зарурати таҳкими механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкорон боз ҳам муҳим арзёбӣ мегардад.

    Ҷаноби Штефан Ҳаниш ва ҷаноби Эмрах Муҳаммад дар масъалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо, махсусан, ҳамкорӣ дар самти тақвияти иқтидори институтсионалӣ, таҳлили қонунгузорӣ ва омодасозии тавсияҳо барои такмил додани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, таҳияи механизмҳои ҳалли баҳсҳои молиявӣ пеш аз мурофиаи судӣ, такмили қонунгузорӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва стандартҳои байналмилалӣ, дастгирии барномаҳои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ,  рушди механизмҳои миёнаравӣ ва ҳалли баҳсҳо байни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

    Дар анҷоми вохӯрӣ Забирзода Некрӯй иброз намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо САҲА, барои мо хеле муҳим мебошад. Мо медонем, ки САҲА таҷрибаи бой дар соҳаҳои волоияти қонун, идоракунии беҳтарин ва рушди иқтисодӣ дорад ва ҳамкории мо метавонад на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, балки ба таҳкими эътимод ба низоми молиявӣ, беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории кушода ва дарозмуддат бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омода мебошад ва умедворем, ки ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкории судманд мегардад.

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор