Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Апрел 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 ноябри соли 2021 ироа гардид, вазъи кишварро дар самтҳои ииқтисодӣ таҳлил ва рушди онро барои солҳои оянда вазифагузорӣ намуданд.

Аз ҷумла ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин самт ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд.

Ҳамчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.

Дар Паём Сарвари давлат махсусан қайд намуданд, ки дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.

Аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки бахши хусусӣ неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи таъминкунандаи ҳадафҳои миллӣ мебошанд. Дар ин раванд 90 фоиз дороиҳои давлат ба бахши хусусӣ дода шудааст. Ҳамзамон дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат бахши хусусӣ ривоҷ ёфта, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мусоидат намуд. Даромади андозӣ ба буҷети давлат зиёд шуда, 80 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2020 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим баста шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки риояи ҳуқуқи соҳибкорон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад. Дар ин самт муроҷиати соҳибкорон саривақт баррасӣ гардида, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо мусоидат карда мешавад.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, мавриди омўзиш қарор дода, дар фаъолияти мунтазам сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ шудани онҳо кўшиш менамоянд.

 

Салоҳуддинов М.,

Корманди мақомоти Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумхурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор