Маълумоти умумӣ

Ниҳоди Омбудсмен («umbuds-man» бо тарҷума аз калимаи шведӣ «намоянда», «ҳимоятгар» ё «ҳимоятгари ҳуқуқ»-ро ифода менамояд) соли 1809 бори нахуст дар давлатҳои Скандинавия, аниқтараш, дар Шветсия, вақте ки тибқи Конститутсия мансаби намояндаи парламент таъсис дода шуд, ташкил карда шудааст.

Ба зиммаи Омбудсмен вазифаи назорати риояи қонунҳо аз тарафи шахсони расмӣ вогузор шуда буд. Воқеан, мансабҳои ба ин монанд дар маданиятҳои дигари қадима вуҷуд доштанд. Масалан, дар Рим Ҳимоятгари ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, ки шаҳрвандони шаҳрро аз ҳама гуна шаклҳои ситам ҳифз менамуд. Дар ҷаҳони ислом муҳтасибҳо арзи вуҷуд доштанд, ки на фақат риояи аҳкоми Шариатро назорат мекарданд, инчунин баҳсҳои оид ба барқарор намудани ҳуқуқҳоро баррасӣ намуда, вазифаи пешгирӣ кардани ҷиноятҳоро бар ӯҳда доштанд.

Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 119 институти миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мавҷуд аст, ки онҳо асосан дар 35 соли охир рушд намудаанд. Алалхусус дар ҳамин 15 соли охир зиёдшавии шумораи чунин институтҳо дар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Африқо, Осиё, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ғарбӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин ҳолат бо он алоқамандӣ дорад, ки аксари шумораи зиёди давлатҳо роҳи инкишофи демократиро интихоб намудаанд.

Ҳамаи институтҳои мазкур вобаста ба инкишофи таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба худ шаклҳои (номҳои) гуногунро қабул менамоянд: комиссия, омбудсмен, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳимоятгари халқӣ, адвокати ҷамъиятӣ ва ғайра. Аксарияти ин институтҳо хусусиятҳои умумӣ дошта, инчунин аз якдигар аз рӯи мавқеи худ дар системаи ҳуқуқӣ, сохтор, расмиёт, ваколатҳо ва дигар хусусиятҳо ҷиддан фарқ мекунанд. Дар баъзе давлатҳо институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз як нафар иборат буда, ҳамзамон дар дигар давлатҳо аз гурӯҳи коршиносон иборат аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (минбаъд – Ваколатдор) номида мешавад. Мансаби Ваколатдор соли 2008 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Ваколатдор мақомоти алоҳидае мебошад, ки дар шахси як одам таҷассум ёфта, бо мақсади мустаҳкам намудани кафолати конститутсионии ҳифзи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдори онҳо ва шахсони мансабдори ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо таъсис дода шудааст.
Кори Ваколатдор дар асоси принсипҳои зерини асосӣ, ки ба ҳар як институти миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон бояд хос бошад, ба роҳ монда мешавад:

  • мустақилият (ҳуқуқӣ, фаврӣ, молиявӣ, ташкилӣ);
  • доираи ваколатҳо (баланд бардоштан ва ҳифз намудани тамоми ҳуқуқҳои инсон бо назардошти шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ);
  • дастрас будан (ба аҳолӣ наздик будан, мувофиқ ҷойгир будан, дастрас будани расмиёт);
  • ҳамкорӣ (бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО-и ҳам дохили давлат ва ҳам берун аз он);
  • самаранокии фаврӣ (истифодаи усулҳои кор, ки барои ҳавасманд намудан ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунанд.

Ваколатдор бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол бо имконияти боз ба як мӯҳлати дигар аз нав таъин шудан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Азбаски вазифаи институти миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи як нафар одам — Ваколатдор вогузошта шудааст, ӯ имконияти дар танҳоӣ аз ӯҳдаи иҷрои тамоми ин ҳаҷми корҳо оид ба ҳавасманд намудан ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро надорад. Барои он ки Ваколатдор самаранок ва ба таври фаврӣ фаъолият намояд, дар қонун таъсиси Дастгоҳи Ваколатдор пешбинӣ шудааст.