Низомномаи Шӯрои коршиносон

Бо амри Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
«30»марти соли 2010 №5
тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ
Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дарҶумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи мазкур дар асоси моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

   I.Муқаррарароти умумӣ

1.1.Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯро) мақоми маслиҳативу машваратӣ ва ҳамоҳангсози назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (минбаъд – Ваколатдор) буда, бо мақсади расонидани ёрии машваратӣ ба Ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти ӯ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода мешавад.
1.2.Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамин Низомнома, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегирад.

               II.Вазифаҳо ва фаъолияти Шӯро

2.1.Вазифаҳои асосии Шӯро мусоидат намудан ба:
-таҳияи пешниҳодҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
-иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
-таъминоти илмӣ-таҳлилии фаъолияти Ваколатдор;
-гузаронидани ташхиси лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дахл доранд;
-баррасии масъалаҳо ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон;
-таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дахл доранд;
-омӯзиши маводҳо барои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ;
-омӯзиши маводҳо ва пешниҳоди таклифҳо барои тайёр намудани маърӯзаҳои солона ва махсуси Ваколатдор;
-таҳлили вазъи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон;
-омӯзиши қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба мусоидати онҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
-баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
-таҳияи хулосаҳои ташхисӣ оид ба амал (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон.
2.2.Барои амалӣ гардонидани вазифаҳо Шӯро фаъолияти зеринро ба амал мебарорад:
-ташхиси қонунгузории миллӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон;
-гузаронидани таҳлил нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон;
-ба амал баровардани дигар фаъолият мувофиқи вазифаҳои дар Низомномаи мазкур муқарраргардида.
2.3.Қарорҳои Шӯрои коршиносон дар шакли протоколӣ қабул гардида, хусусияти тавсиявӣ доранд.

      III. Ҳайат ва тартиби ташкили Шӯро

3.1.Шӯро дар ҳайати Раис, муовини ӯ, котиб ва аъзоёни Шӯро таъсис дода мешавад. Ҳайати Шӯро дар асоси намояндагӣ аз мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, ки таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон доранд, таъсис дода мешавад.
3.2.Шӯро дар ҳайати на камтар аз 13 нафар аъзо таъсис дода мешавад. Ҳайати Шӯро аз ҷониби Ваколатдор ба мӯҳлати 2 сол тасдиқ карда мешавад. Аъзои Шӯро метавонад ба мӯҳлати дигар аз нав интихоб шавад.
3.3.Низомномаи Шӯро аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда мешавад.
3.4.Фаъолияти Шӯро дар асоси ҷамъиятӣ (ройгон) ба амал бароварда мешавад.
3.5.Шӯро метавонад комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ (гурӯҳҳои корӣ) таъсис диҳад. Ҳайат ва тартиби фаъолияти комиссияҳо (гурӯҳҳои корӣ) аз ҷониби Ваколатдор ё Шӯро муайян карда мешавад.

         IV. Ташкили фаъолияти Шӯро

4.1.Шӯро мувофиқи Низомномаи мазкур аз ҷониби Ваколатдор ташкил ва барҳам дода мешавад.
4.2.Ба Шӯро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад.
4.3.Дар ҷаласаи якуми Шӯро аз ҳисоби аъзои Шӯро муовини Раиси Шӯро ва котиби Шӯро интихоб карда мешаванд.
4.4.Раиси Шӯро ба кори Шӯро роҳбарӣ менамояд, аз ҷумла рӯзномаи ҷаласаро муайян мекунад, ба ҷаласаҳои Шӯро раисӣ мекунад.
4.5.Муовини Раис дар набудани Раиси Шӯро ба ҷаласаҳои Шӯро роҳбарӣ мекунад.

          V. Тартиби гузарониданиҷаласаҳои Шӯро

5.1.Ҷаласаҳои Шӯро мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи солона на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд.
5.2.Ҷаласаи Шӯро салоҳиятдор ҳисобида мешавад, агар дар он аз нисф зиёди аъзоён иштирок намоянд.
5.3.Рӯзномаи ҷаласаро Раис муайян карда, аъзои Шӯро онро тасдиқ мекунанд. Лоиҳаи қарорҳоро Раис ва котиби Шӯро тайёр карда, аъзоёни Шӯро онро тасдиқ менамоянд.
5.4.Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд таклифҳои худро ба рӯзномаи ҷаласа пешниҳод намоянд.
5.5.Масъалаҳое, ки аз ҷониби аъзои Шӯро пешниҳод шудаанд, бо қарори Шӯро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ дохил карда мешаванд.
5.6.Аъзои Шӯро дар бораи вақт ва рӯзномаи ҷаласаи Шӯро чун қоида на дертар аз 3 рӯзи то саршавии он хабардор карда мешаванд.
5.7.Котиб на дертар аз 3 рӯзи саршавии ҷаласаи навбатии Шӯро ба ҳамаи аъзои Шӯро маводҳои оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласаро мефиристонад.
5.8.Ҷаласаҳои Шӯро ба таври кушода мегузаранд.

     VI. Тартиби қабули қарорҳо

6.1.Қарорҳои Шӯро бо овози аз нисф зиёди аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул карда мешаванд. Ҳар як аъзои Шӯро як овоз дорад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози Раис ҳалкунанда мебошад.
6.2.Дар ҷаласаҳои Шӯро иштироки аъзои он ҳатмист. Аъзои Шӯро ҳуқуқ надоранд ваколаташонро ба дигар шахс вогузор намоянд. Дар сурати дар ҷаласа иштирок карда натавонистани узви Шӯро, ӯ ҳуқуқ дорад фикри худро оид ба масъалаи баррасишаванда ба таври хаттӣ пешниҳод намояд.
6.3.Ҷараёни ҷаласаи Шӯро дар протокол дарҷ мегардад.
6.4.Протоколи ҷаласаро котиби Шӯро мебарад ва онро на дертар аз се рӯзи баъди анҷоми ҷаласа тартиб медиҳад. Ба протоколи ҷаласаи Шӯро Раис ва котиби Шӯро имзо мегузоранд.
6.5.Нусхаҳои аслии протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро мувофиқи тартиби муқарраргардида дар бахши умумии Дастгоҳи Ваколатдор нигоҳ дошта мешаванд. Иқтибос аз протоколҳо ва нусхаи протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро ба аъзои Шӯро бо талаби онҳо дастрас карда мешаванд.

   VII.Коршиносони даъватшуда

7.1.Бо қарори Шӯро барои ҳалли масъалаҳои мушаххас бо пешниҳоди Раис ё аъзои Шӯро ба кори он аз ҳисоби мутахассисони соҳаи баррасишаванда коршиносон даъват карда мешаванд.
7.2.Коршиносони даъватшуда метавонанд бо қарори Шӯро ба комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ ҳамроҳ карда шаванд.
7.3.Коршиносони даъватшуда бо супориши Шӯро хулоса ва ҳисоботҳои хаттиро пешниҳод мекунанд.
7.4.Коршиносон бо иҷозати Раиси Шӯро метавонанд дар ҷаласаҳои Шӯро ҳангоми муҳокимаи масъалаҳое, ки дар таҳияи онҳо ширкат варзидаанд, иштирок намоянд.

             VIII.Ҳуқуқу вазифаҳои аъзои Шӯрои коршиносон

8.1.Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд:
-оид ба рӯзномаи ҷаласа таклифҳо пешниҳод намоянд;
-оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро маводҳо омода намоянд;
-дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда иштирок намоянд, ба лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дар ҷаласа муҳокимашаванда тағйироту иловаҳо пешниҳод намоянд;
-дар овоздиҳии масъалаҳои баррасишаванда иштирок намоянд;
-дар дигар чорабиниҳое, ки мувофиқи Низомномаи мазкур ба фаъолияти Шӯро дахл доранд, иштирок намоянд.
8.2.Узви Шӯро ӯҳдадор аст:
-дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок намояд;
-қарори Шӯро, ки ба ӯ дахл дорад, иҷро намояд;
-барои иҷрои қарорҳои Шӯро кӯшиш намояд.
8.3.Узви Шӯро, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда намебарояд ва бе сабабҳои узрнок зиёда аз ду маротиба дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок наменамояд, бо аксарияти овози аъзои он аз ҳайати Шӯро хориҷ карда мешавад.
8.4.Ба аъзои Шӯро шаҳодатномаи: «Аъзои Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода мешавад.

IX. Таъмини фаъолияти Шӯро

9.1.Таъмини ташкилӣ ва техникии фаъолияти Шӯро аз ҷониби Дастгоҳи Ваколатдор анҷом дода мешавад.