Ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳамкориҳои судманд бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва ВАО аҳамияти хоса медиҳад.

Ҳамкориҳо дар доираи салоҳияту ваколатҳои тарафҳо, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амалӣ намудани нақшаҳои якҷояи дорои хусусияти барномавӣ ва стратегидошта, гурўҳҳои корӣ оид ба самтҳои ҳуқуқи инсон ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин метавон аз ҳамкориҳои судманди мақомот бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба монанди Барномаи Рушди СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, Хазинаи нуфуси СММ, СММ-Занон, Хазинаи кўдакони СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Агентии Швейтсарии ҳамкорӣ ва рушд, Ниҳоди Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, «ҲЕЛВЕТАС», ва дигарон ёдовар шуд.

Дар доираи ҳамкориҳои ВҲИ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Агентии Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушд, “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” ва мақомоти дахлдори Федератсияи Россия моҳи сентябри соли 2015 тариқи пилотӣ намояндаи ВҲИ дар вилояти Свердловски ФР таъсис дода шуд.

Дар соли 2015 Барномаи Рушди СММ ҳамкориро бо ВҲИ идома дода, маблағгузории фаъолияти 4 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ ва кўмаки экспертиро барои таҳияи Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2016-2020 амалӣ намуд. Дар доираи ин ҳамкорӣ сафари омўзишии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Финляндия ташкил карда шуд.

Бо дастгирии Ниҳоди Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон 16 шумораи маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ба табъ расида, баромадҳои кормандони мақомоти ВҲИ ва коршиносони соҳа дар барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ идома ёфтанд. Ҳамчунин бо маблағгузории Ниҳоди мазкур фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар 2 минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Айнӣ) то нимсолаи дуюми соли 2015 ва бо маблағгузории “ҲЕЛВЕТАС” фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳия Рашт идома дода шуданд.