Ҳамкорӣ бо ВАО

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2015 аз воситаҳои гуногун, аз қабили вохўрию мулоқот бо аҳолӣ, конфронсу семинар ва мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, инчунин баромадҳо дар телевизион ва радио, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва чопи китобу брошура ва дигарҳо васеъ истифода намудааст.

Соли сеюм аст, ки баромадҳои кормандони мақомоти ВҲИ ва коршиносони соҳа дар Радиои «Тоҷикистон», Радиои «Садои Душанбе» ва МД ТВ «Ҷаҳоннамо» тавассути нақшаҳои мувофиқашуда, ба роҳ монда шуда истодаанд.

Дар соли 2015 кормандони Дастгоҳи марказӣ (190) ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ (58), дар маҷмўъ 248 (с.2014 — 203) маротиба тариқи воситаҳои ахбори омма баромад карданд, ки нисбат ба соли 2014 (203) бештар мебошад (ниг.: ба диаграмма).диграмма

 

Масалан, чунин як нишаст рўзи 28 майи соли 2015 оид ба муаррифии Маърӯзаи ВҲИ ҶТ барои соли 2014 ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.