Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Бобозода УмедБобозода Умед,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед 25 январи соли 1972 таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои ҳуқуқ

Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» бо баҳои аъло хатм намудааст.

Соли 1998 ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2004-2007 муовини декани факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оид ба илм, инчунин оид ба муносибатҳои байналмилалӣ.

Солҳои 2007-2009 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ.

Солҳои 2007-2009 намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2009-2011 муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2011-2019 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти  соли 2019 ба мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Муалифи зиёда аз 85 мақолаҳои илмӣ, 2 монография, ҳаммуаллифи ду китоби дарсӣ, 2 фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ ва фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии омавӣ, 3 тафсир, 14 васоити таълимӣ мебошад.

Соли 2005 барои маҷмӯи корҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ  сазовори дипломи олимони ҷавон гардидааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор соҳиби чор фарзанд.