Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

www.ombudsman.tj

 

   Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябри соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати юрисконсулти фабрикаи дузандагии шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуда, солҳои

1996-2004 дар вазифаи ёрдамчии судяи Суди констиутсионии ҶТ

2004-2009 дар вазифаи Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии ҶТ

2009 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии ҶТ

2009-2016 дар вазифаи Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Аз соли 2016 дар вазифаи Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд

Бо мукофоти давлатии “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст

Дорои рутбаи мушовири давлатии дараҷаи дуюм мебошад

Оиладор, соҳиби се фарзанд