Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Июл 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

 

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рузҳои 16-17 июни соли 2021 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мониторинги дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохторӣ гузарониданд.

Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки дар ҳудуди шаҳри Конибодом аксарияти биноҳо солҳои пешин сохта шуда, дастрасии маъюбон баназар гирифта нашудааст дар биноҳои навсохт дастрасии маъюбон ба инобат гирифта шудааст. Бинобар ин, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом оид ба бартараф намудани монеагиҳо барои дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохтории тавсияҳо пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон вохӯрӣ бо фаъолон ва намояндагони мақомоти дар ҳудуди шаҳри Конибодом буда дар мавзӯҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон,  баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардида, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯҳои зикргардида баромад намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дар масъалаи ба кор таъмин гардидани маъюбон, имтиёзҳо барои маъюбон, нафақаи маъюбӣ, ба таҳсил фаро гирифтани маъюбон, маскун кардан, ҷудо намудани алимент, тақсимоти молу мулк ва дигар саволҳо пешниҳод гардид, аз ҷониби кормандони мақомот ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.   

Ҳамин тариқ, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохӯриҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бисёр гузаронида шавад, зеро ин ба манфиати фаъолон ва кормандони мақомоти дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда мебошад.   

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор