Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Октябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷиҳати иҷрои бандҳои 135, ва 160 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2021 рўзҳои 14 - 15 сентябри соли 2021 мониторинги вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон дар инфрасохтори иҷтимоии ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гузаронида шуд.

Мониторинг нишон дод, ки аксарияти биноҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ солҳои пеш сохта шуда, дастрасии маъюбон ба иншоотҳои хизматрасон ба инобат гирифта нашудааст. Тибқи маълумоти бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия то соли 2021 бунёд, азнавсозӣ, ва таъмири 315 иншооти муҳим ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони соҳа 58 сифати иншооти сохтмонӣ ва дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд гузаронида шуда, барои вайрон кардани талаботҳои муқарраршуда ба ҳуқуқвайронкунандагон 12 амрнома, ба 46 нафар ҷазои маъмурӣ, яъне ҷарима ба маблаѓи 14910 сомонӣ таъин карда шудааст. Ба кормандони масъули бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷ. Балхӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур ва дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба инфрасохторҳо чораҳои иловагӣ андешида, ҳангоми ба истифода додани биноҳои нав талаботи маъюбон ба инобат гирифта шавад.

Ҳамчунин 16 августи соли 2021 ҷиҳати баланд бардоштани малака ва дониши кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва идораҳои хизматрасони ноҳияи Ҷ. Балхӣ мизи мудаввар дар мавзўи “Сиёсати давлат ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон”, гузаронида шуд. Дар рафти баргузории чорабинии иттилоотӣ иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон посух гирифтанд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар аз баргузории чорабинии иттилоотӣ қаноатманд шуда, дархост намуданд, ки чунин чорабиниҳо аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баргузор карда шавад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор