Суханронӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 75-солагии СММ

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем.

Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Фаъолияти ин Созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав КОВИД–19, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба (мултилатерализм) ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Соли ҷорӣ мо инчунин рӯйдоди дигари муҳимми таърихӣ — 75-солагии Ғалаба бар фашизмро, ки таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ба он иртиботи бевосита дорад, ҷашн гирифтем.

Боиси ёдоварист, ки дар таъмини ин Ғалабаи бузург баробари шаҳрвандони дигар халқу миллатҳо фарзандони барӯманди Тоҷикистон низ нақши назаррас гузоштаанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем.

Ҳамкорони гиромӣ,

Ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд.

Имрӯзҳо аксарият аҳолии олам бар он ақидааст, ки танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ инсоният метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир, муваффақ бошад.

Тоҷикистон низ дар муколамаи ҷаҳоние, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ширкати фаъол дорад.

Мо ният дорем саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.

Кишвари мо дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад.

Бори дигар таъкид месозам, ки хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

21.09.2020, шаҳри Душанбе

www.prezident.tj

Чорабинияҳои омӯзишӣ дар ШВКД — и ноҳияи Шуғнон ва Тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Хоруғи ВМКБ

20200915_093230Рӯзҳои 15 ва 17 сентябри соли 2020 кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар ШВКД – и ноҳияи Шуғнон ва Тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Хоруғи ВМКБ дар мавзӯҳои «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон», «Пешгирии шиканҷа» ва «Ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва маҳкумшудагон» семинари омӯзишӣ гузарониданд.

Дар семинарҳои мазкур Дилшодов Ғолиб — муовини Сардор оид ба хизмат дар ШВКД — и ноҳияи Шуғнон, Мирзоев Руслан — Сардори Тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Хоруғи ВМКБ, Ҳусниддин Нидоев — муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва Абдуҳалим Низомов — муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои пешгирии шиканҷа, масъалахои ҷаҳони муосир ва таҳдиди радикализм ва экстремизм дар байни ҷавонон, ва ҳуқукҳои асосии дасгиршудагон ва маҳкумшудагон баромад намуданд.

Дар рафти саволу ҷавоб бештар ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, ҳуқуқҳои дастгиршудагон, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Инчунин тибқи Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ рӯзҳои 15 ва 17 сентябри соли 2020 аз ҷониби кормандони Дастгоҳи ВҲИ ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва маҳкумшудагон дар Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии ШВКД дар ноҳияи Шуғнон ва Тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Хоруғи ВМКБ мониторинг гузаронида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ