Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мафҳуми муосири маъюбият, қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба маъюбон равона шудааст»

IMG-20200923-WA0007Рӯзҳои 23-24 сентябри соли 2020 дар асоси ҳамкориҳои судманд байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНДП ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мафҳуми муосири маъюбият, қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба маъюбон равона шудааст, банақшагирӣ, назорат (мониторинг) ва омода намудани ҳисобот оиди муҳити дастрас» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур кормандони Дастгоҳи марказии ВҲИ, Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо иштирок доштанд.

Дар семинар мавзӯҳои зерин мавриди омӯзиш қарордода шуд: Таъриҳи маъюбият, қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба маъюбон равона шудаанд, мафҳуми таҳсили фарогир, асосҳои ҳизматрасониҳои тиббии ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ, мафҳуми муосири маъюбият, терминалогия ва этикаи дурусти муносибат бо шаҳси маъюбиятдошта, моделҳои маъюбият, мафҳум ва асосҳои муҳити дастрас ва моҳияти он барои фаъол будани шаҳсони маъюбиятдошта ва асосҳои гузаронидани мониторинги муҳити дастрас.

IMG-20200924-WA0017Мавзӯҳои зикргардида аз ҷониби коршиносон ба таври содда фаҳмонида шуд ва кормандони макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар муҳокимаҳо, корҳои гурӯҳи, саволу ҷавобҳо ва корҳои амалӣ фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҳулосаи коршиносон бармеояд, ки иштирокчиён мавзӯҳоро аз ҳуд намуда дар фаъолияти минбаъдаи кориашон дар самти ҳифзи ҳуқуқи маъюбон истифода мебаранд.

Аз ҷониби Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Зикриҳудоев А. пешниҳод гардид, ки роҳбарони Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо мониторинги дастрасии маъюбон гузаронанд ва аз натиҷаи он ба тарзи китобча тайёр намуда ҳамчун намуна истифода баранд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ