Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-10-30savgand_parad_aМуҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

Дар ин лаҳзаҳое, ки тибқи муқаррароти қонун маросими савгандёдкунии фармондеҳону афсарон ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегардад, пеш аз ҳама, ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳамаи шумо барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориатон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун изҳори сипос мекунам.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки барои иҷрои ваколатҳои конститутсионии Роҳбари давлат ва амалӣ гардидани ҳадафу барномаҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири рушду тараққиёти давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, риояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, яъне волоияти қонун зарур аст, ки ҳифз кардан ва таъмин намудани онҳо рисолати касбӣ ва вазифаи ҷонии хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Хотиррасон месозам, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ ба ҳисоб меравад.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо садоқати худро ба савганди ҳарбӣ, давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон борҳо исбот кардаанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки сатҳи баланди тайёрии касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз сатҳу сифати таълиму тарбияи афсарону сарбозон, риояи ҳатмии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизоми қатъӣ, ҳушёриву зиракӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Ватан, давлат ва халқ вобаста мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат ва бо кадрҳои ҷавони ба талаботи замона ҷавобгӯй таъмин намудани ҷузъу томҳои низомиро аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ мешуморад.

Махсусан, солҳои охир, ки авзои ҷаҳон торафт печидаву мураккаб ва пешгӯинашаванда гардида, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат пайдо карда, ҳатто истиқлоли баъзе кишварҳои сайёраро осебпазир гардонидаанд, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавону обутобёфта, ватандӯсту ватанпараст ва дорои донишу малакаи муосир барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмин намудани омодабошии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва сулҳу оромии кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар чунин шароит роҳбарону фармондеҳони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо роҳи татбиқ намудани низоми наву муосири идоракунии ҷузъу томҳо, ҷорӣ кардани усулҳои самарабахшу муассири мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малака ва қобилияти ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо дарназардошти он, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи аркони асосии давлатдории миллии мо мебошанд, давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо мақсади навсозии заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оянда низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан ва давлати соҳибистиқлоли хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳораташонро ба хотири ҳифзи арзишмандтарин дастовардҳои халқи тоҷик – истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеа сафарбар месозанд.

Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ба шумо – фарзандони далери мардуми шарифи Тоҷикистон ва ворисони ин сарзамини воқеан куҳанбунёди таърихӣ таъкид менамоям, ки Ватану миллати худро баробари модар ва ҷони хеш дӯст доред ва ба он содиқу вафодор бошед, зеро осудагиву тараққиёти Тоҷикистони маҳбуб ва пешрафту ободии кишвари азизамон дар навбати худ, ободиву осоиши хонадони ҳар яки шумо низ мебошад.

Ба ҳар кадоми шумо – афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне ҳомиёни матиниродаи Ватан дар иҷрои вазифаҳои пуршарафу муқаддас — ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, саломатӣ, иродаи матин ва рӯҳи қавӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

30.10.2020  шаҳри Душанбе

www.president.tj

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.

30.10.2020

www.president.tj

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-10-30savgand_sҲамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо — халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям: дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло мехоҳам баъзеи онҳоро мухтасар хотирнишон намоям.

Дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати содиқона ва ташаббусҳои ватандӯстонаашон, ки боиси рушди соҳаҳои саноату сохтмон, ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатӣ дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат ду баробар зиёд шуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид.

Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт — соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шуданд.

Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз дар оғози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.

Дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем.

Дар навбати аввал, моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад.

Дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ — бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.

Дар ин раванд, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ густариш дода мешавад.

Дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Мо, бо дарназардошти рушди иқтисодиёт, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, ба ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ беҳтар гардонида, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти молҳои озуқа кам карда мешавад.

Дар робита ба ин, ба кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта якуним баробар афзоиш дода мешавад.

Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем.

Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад.

Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳафт соли оянда мо 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд мекунем.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи кишвар, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву этнографӣ ва фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа таъмин карда мешавад.

Барои таъмин кардани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мо дар оянда низ тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар сафарбар менамоем.

Қобили зикр аст, ки ҳоло шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва муносибати Ҳукумати мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи хубу созанда қарор дорад ва мо ҳамкориҳои судмандро бо онҳо минбаъд низ густариш медиҳем.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем.

Дар ҳафт соли оянда барои боз ҳам беҳтар намудани солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар давраи бисёр мушкили пандемияи коронавирус ба хотири ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ва табобати беморон шабонарӯзӣ ва ҷасуронаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз низ софдилона фаъолият карда истодаанд, миннатдориву сипос баён менамоям.

Дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои онҳо васеъ ба роҳ монда мешавад.

Доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он, ки мо фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум эълон кардаем, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоем ва барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мекунем.

Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим як силсила тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.

Масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва дар ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ҷобаҷо намудани онҳо дар сархати фаъолияти мо қарор хоҳад дошт.

Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисос тайёр намоем.

Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” — ро таҳия ва амалӣ месозем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад.

Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем.

Ҳамватанони азиз!

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.

Зеро амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад.

Ман ба тамоми сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат — фарзандони ҷасуру ҷоннисор ва далеру шуҷои Ватан барои хизмати содиқона ва саҳми бузургашон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният, яъне волоияти қонун самимона миннатдориву сипос баён менамоям.

Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ моро водор месозад, ки сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро такмил диҳем, заминаҳои моддиву техникии онҳоро тақвият бахшем ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин созем.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил иброз медорам, ки нақшаҳои барои ҳафт сол пешбиникардаи мо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Мо дар ҷараёни татбиқи барномаҳои худ тавсияву пешниҳодҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳоро, ки ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва мардуми кишвар мебошанд, ба эътибор мегирем.

Ман имрӯз низ бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азизам идома медиҳам.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.

Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.

Бори дигар сипосу миннатдории самимӣ ва садоқату вафодории фарзандии худро ба сарзамини муқаддасам, халқи бузургворам ва ҳар фарди Ватани ба ҷон баробарам — Тоҷикистон сидқан изҳор медорам.

Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нӯҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!

Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!

30.10.2020  шаҳри Душанбе

www.president.tj

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ma-lisi-ukumati-um-urii-To-ikiston-27.10.2020 27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 баррасӣ карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба коҳишёбии қисми даромади буҷети давлатӣ дар заминаи таъсири манфии омилҳои беруниву дохилӣ ба иқтисоди кишвар ва вобаста ба ин дар соли ҷорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани даромади буҷет ҳукумати кишвар зарур донист, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардорад.

Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарфи назар аз таъсири омилҳои дохиливу берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва хароҷоти иловагии буҷет дар иртибот ба пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи бемории КОВИД-19 ҳаҷми маблағгузории дигар соҳаҳо низ дар соли 2021 бо афзоиш ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он барои солҳои 2022-2023 дар назди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, аз ҷумла иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар ҷиҳати иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб карданд.

Бояд гуфт, ки сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо мақсади дар амал татбиқ кардани сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунонӣ равона гардидааст.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барномаи бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иктисодии шаҳр қабул гардид.

Барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ — маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор — таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд.

Дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, инчунин ду хулосаи Ҳукумати кишвар Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи заминсозӣ” баррасӣ карда шуд.

Ҳамчуни аъзои ҳукумати кишвар масъалаҳои дигар, аз қабили Дар бораи Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи амалии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин дигар дастурҳои Ҳукумати кишвар ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

27.10.2020, шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/

ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармутахассиси Бахши молиявӣ ва хоҷагӣ  Ваҳобов Раҷабмурод бинобар вафоти бародараш изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ӯ ва аҳли оилааш аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд.

Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ

16.10.2020, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Дар тӯли бист соли охир доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки чорабиниҳои зикргардида дар боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардуми мо, бахусус, насли наврасу ҷавон нақши басо назаррас гузоштанд.

Мо ҳанӯз соли 1996 ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандиро дар сатҳи баланд таҷлил карда будем.

Ин маъракаи муҳимми фарҳангӣ боис гардид, ки мероси гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ ба таври комилтар мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода шавад.

Тайи ин солҳо аз тарафи олимони тоҷик нусхаҳои дастнависи девони шоир қариб аз тамоми китобхонаҳои бузурги дунё ҷамъ оварда шуд.

Девони ашъори Камол чандин маротиба ба нашр расида, доир ба зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти ӯ рисолаву мақолаҳои зиёде таълиф ва интишор ёфтанд.

Яъне мардуми тоҷик шахсияти Камол ва офаридаҳои ҷовидонии ӯро боз ҳам беҳтар шинохтанд.

Имрӯзҳо дар идомаи ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил мегардад.

Ду сол пеш Ҳукумати мамлакат санадҳои заруриро доир ба ин санаи таърихӣ ба созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.

Ва ин ташкилоти бонуфуз соли гузашта пешниҳоди моро дар хусуси баргузор намудани ҷашни 700-солагии Хоҷа Камол ҷонибдорӣ карда, доир ба ин масъала қарори дахлдор қабул намуд.

Боиси ифтихор аст, ки ин санаи фархундаро дар баробари мо ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Мо ба ҳамаи олимону донишмандоне, ки дар саросари олам шахсият ва эҷодиёти ин шоири барҷастаи тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор дода, мақолаву рисолаҳои зиёди илмӣ навиштаанд, изҳори сипос менамоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ман дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, ки халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар амри ғанӣ гардонидани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд.

Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем.

Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, худи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки имрӯз мо 700 – солагии ӯро ҷашн мегирем, аз ин мактаби бузурги адабиёти гузашта сабақи маънавӣ ва адабӣ гирифта, то ба дараҷаи шоири бузурги Шарқ расидааст.

Ҳаёту фаъолияти ин сухансарои беназир ба замони хеле пурталотуми сиёсӣ ва нооромиҳои иҷтимоӣ рост омадааст.

Чунонки аз осори таърихии асримиёнагӣ бармеояд, дар асри XIV дар сарзамини Мовароуннаҳр парокандагии сиёсӣ падид омада, дар натиҷа дар гӯшаҳои гуногуни он суботу оромӣ аз байн рафта будааст.

Чунин вазъи номусоиди сиёсӣ боис мегардад, ки дар нимаи дуюми асри XIV бисёр шоирон ва олимону нависандагон маҷбур шудаанд дар ҷустуҷӯи гӯшаи амну ором қаламрави Мовароуннаҳрро тарк карда, ҷойҳои дигарро макони истиқомат ихтиёр намоянд.

Камоли Хуҷандӣ низ тарки зодгоҳ карда, Табрезро ҷойи зист интихоб менамояд.

Сабаби аз ҷониби Камол ҳамчун макони зист пазируфта шудани ин шаҳр чаҳор омил мебошад: якум, аз ҷиҳати амну осоиш Табрез машҳур шуда буд; дигар, ин шаҳр дар он даврон яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва адабӣ ба ҳисоб мерафт; сеюм, яке аз шохаҳои Шоҳроҳи абрешим аз ин мавзеъ мегузашт ва он ҷо маҳалли робита ва омезиши тамаддунҳои гуногун гардида буд.

Чаҳорум, аҳолии асосии Табрезро тоҷикон ташкил мекарданд.

Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.

Яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд.

Камол шаҳри Табрез ва табрезиёни ҳунармандро дӯст медошт.

Он ҷо издивоҷ карда, соҳиби якчанд фарзанд шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Камоли Хуҷандӣ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд.

Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст.

Бо ин ҳама эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будааст.

Аз иттилооти маъхазҳои адабиву таърихӣ маълум мешавад, ки Камол доим дар миёни мардуми заҳматкаш қарор дошта, аз аҳволи онҳо ҳамеша бохабар будааст ва ба ин хотир халқ ҳам иззату эҳтироми шоири маҳбуби худро сидқан ба ҷо меовардааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Камоли Хуҷандӣ аз шоирони пешин Шайх Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавиро бо камоли муҳаббат ёд кардааст.

Ӯ, инчунин, аз шоирони ҳамзамонаш Маозии Табрезӣ, Ассори Табрезӣ, Мағрибии Табрезӣ, Салмони Соваҷӣ ва Ҳофизи Шерозиро бисёр ёд намудааст.

Вай, махсусан, бо шоири бузурги ғазалсарои ҳамзамонаш — лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ дӯстӣ ва ҳамкории эҷодӣ доштааст.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” овардааст: “Баъзе орифон, ки ба суҳбати Шайх Камол ва Ҳофиз — ҳар ду расида буданд, чунин фармудаанд: суҳбати Шайх беҳ аз шеъри вай бувад ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯ”.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки агар эътибору ҷойгоҳи Камол дар шоирӣ баланд намебуд, ӯро маҳз бо Ҳофиз муқоиса намекарданд ва Ҷомӣ низ ин санади ҷолибро дар асари худ намеовард.

Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост. Ӯ беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, пеш аз ҳама, ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват мекунад.

Ӯ мехоҳад инсон аз ҳар гуна қайду банд озод бошад ва мегӯяд:

Олами озодагон хуш оламест,

Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст!

Камол каҷрафторӣ, ҳилаву тазвир ва авомфиребии мутаассибону риёкоронро ҷасурона фош карда, бо онҳо ҳаргиз созиш накардааст.

Бисёр муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳеҷ шоире ниқоб аз чеҳраи зоҳидони дурӯяву риёкор мисли Камол барнакандааст.

Дӯстони азиз!

Тавре дар оғози сухан зикр кардам, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии Камоли Хуҷандӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Чанд сол пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд боғи зебои Камоли Хуҷандӣ, мақбара, пайкара ва хонаи ӯ бо дарназардошти фарҳанги меъморӣ ва боғдории замони зиндагии шоир бунёд гардид, ки имрӯз воқеан ба макони зиёрати ҳазорон нафар мухлисону муътақидони шоир табдил ёфтааст.

Илова ба тадбирҳои муҳимми зикршуда, Ҳукумати мамлакат ба таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли фаъолияти ин марказ беҳтарин нусхаҳои хаттии девони шоир ҷамъоварӣ гардида, бо иловаи ашъори то замони мо номаълуми ӯ аз рӯйи нусхаҳои хаттии муътабари девони шоир бо пешгуфтори мо аз нашр баромад ва фикр мекунам, ки он яке аз беҳтарин туҳфаҳои ҷашнӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳарчанд қисмати асосии мероси маънавии Камоли Хуҷандӣ гирдоварӣ шуда, то кунун ба хонандагон дастрас шудааст, аммо бо ҳамин ҷустуҷӯи осори бозмондаи ин шоири шаҳир ба поён намерасад.

Аз ин хотир, зарур аст, ки Академияи миллии илмҳо, «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар самти ҷаъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанг ба зеҳни ҷомеа расонидани афкори созанда ва андешаҳои тарбиятгаронаи онҳо мебошад.

Хусусан, дар шароите, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли бархӯрдҳои шадиди мафкуравӣ қарор дорад ва таъсири номатлубу хатарноки ин муборизаву мухолифатҳо ба тафаккури наврасону ҷавонон торафт афзуда истодааст, омӯхтану таблиғ кардани мероси созандаи гузаштагон ва андешаҳои ватандӯстонаи онҳо аҳаммияти бештар касб мекунад.

Андешаҳои ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи халқамон сарчашмаи муҳимми тарбияи ойини ватанпарварӣ барои насли имрӯз ба шумор мераванд, зеро ин суханвари мумтоз ҳарчанд ҳаёти худро дур аз зодгоҳ сипарӣ намуд, аммо ҳамеша ба ёди Ватан зист ва орзуманди дидор бо диёри хеш буд:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям.

Соли дуюм аст, ки дар мамлакат озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷараён дорад.

Нахустин натиҷаҳои озмуни мазкур нишон медиҳанд, ки он ба тафаккури маънавии ҳама қишрҳои ҷомеаи мо таъсири мусбат гузошта истодааст.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷараёни баргузории давраҳои мухталифи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷиҳати баргузор кардани маҳфилу озмунҳои «Мавлавихонӣ», «Камолхонӣ», «Саъдихонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Бедилхонӣ» бо мақсади тарғиби афкори созандаи ин бузургон чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, яъне дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамоишу озмунҳо, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад.

Бовар дорам, ки андешаҳои инсонсозу ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар суханварони адабиёти оламшумули тоҷик дар роҳи эҷоди монеаҳои устувор барои муқовимат бо мафкураи бегонаву харобиовар нақши муассир мегузоранд.

Дар марҳалаи нави таърихие, ки ҳоло кишвари мо дар он қарор дорад, рисолати шумо — донишмандону олимон, аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагон ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани корҳои илмӣ, ба василаи забонҳои мухталифи дунё тарғибу ташвиқ намудани мероси пурғановати адабиёти миллиамон дар арсаи олам ва тарҷумаву нашри таҳқиқоти донишмандони ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафи наҷиб ба ҳамаи шумо — олимону донишмандон ва адибону суханварон барори кор орзу намуда, бори дигар ин рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ, яъне 700-солагии фарзанди арҷманди миллати тоҷик Хоҷа Камолиддини Хуҷандиро ба тамоми ҳамватанон ва мухлисону иродатмандони ин шахсияти барҷаста самимона табрик мегӯям.

Ба кори симпозиуми илмии имрӯза барору муваффақият мехоҳам.

Доим саломату сарбаланд бошед, дӯстони азиз!

www.president.tj

Презентация1

Пирӯзӣ муборак!

Аз натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овозҳои интихобкунандагон пирӯз гардиданд.

Ғалабаи Пешвои миллат далели бебаҳси ҷонибдории аксарияти кулли интихобкунандагон ва маҳбубияташон дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия оид ба арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайваста ва пайгирона татбиқу таъмин гардида истодаанд.

Роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҷонибдори аз сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиш худро барои ташвиқу тарғиби дастовардҳои кишвари азизамон дар самти ҳуқуқи инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона менамоянд.

Бо истифода аз имкони муносиб, роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободию гулгулшукуфии кишвари азиз, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва обрӯю эҳтироми мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ бурдборӣ, комёбӣ, нерӯ ва тансиҳатӣ таманно менамоянд.

Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият ва ҳайати кормандони
мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияњои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ

Кабули шахрвандонСанаи 5-7 октябри соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салихов З. тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020 бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар ноҳияҳои зикргардида дар якҷоягӣ бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, ҷарраёни қабули Ваколатдор озодона, мустақил ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 амалӣ карда шуд. Дар маҷмуъ 36 нафар муроҷитакунандагон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо проблемаҳои  гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, тартиби гузаронидан ва иштирок дар интихобот, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, тартиби гузаронидани маъракаю маросимҳо тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, проблемаҳои доир ба таъмини оби ошомиданӣ ва ғйраҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон дар ноҳияҳои мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд.

Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали ноҳияҳои зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Ҳамзамон У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба проблемаҳои рӯзмара тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Боздид ва шиносоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ

Интихобот  Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади шиносоӣ аз рафти омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-7 октябри соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салихов З. ба ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстии вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раисони ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳо оид ба ҷарраёни омодагӣ ва андешидани тартибу чораҳои муқарраргардида ҷиҳати гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ суҳбатҳо доир намуданд. Тибқи маълумот дар бораи участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ, ки дар маҷмуъ 119 участкаи интихоботиро ташкил медиҳанд, барои таъмин намудани шаффофияти интихобот қуттиҳои овоздиҳӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ ва ҷойҳои алоҳида барои мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ба пуррагӣ омода карда шудаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини соҳа иброз гардид, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, истифодаи ҳуқуқ ба мустақилона интихобот намудан ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, аз ҷумла барои пешгирии паҳншавии сирояти бемории КОВИД-19 дар шароити имрӯза тамоми маводҳои зарурии зиддиэпидемикӣ ва профилактикӣ омода карда шуда, барои иттилоотонии интихобкунандагон санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ, брошюраҳо, овезаҳо ва маълумотномаҳо овезон ва ҷойгир кунонида шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароит барои овоздиҳии шаҳрвандон тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Вохӯрии Умед Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА

8 октябри соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва  ҳуқуқи инсони Созмони амният ва  ҳамкорӣ дар Аврупо, Михаэла Сивич ва Марианна Скопа, ки ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар омадаанд, дидор ва мулоқот намуд.

Нахуст У.Бобозода ташрифи  ҳайати нозиронро хайрамақдам гуфта, ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсонро бо Дафтари Барнома ҳои САҲА дар Душанбе муҳим арзёбӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот фаъолона иштирок намуда, ҳолати омодагии  ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро мониторинг намуданд. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба раванди тарғиботи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрӣ бо интихобкунандагон, баромад дар телевизион, радио ва матбуоти даврӣ баҳои баланд дода шуда, бо боварӣ таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.

Хадамоти матбуотии
Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон