Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Июн 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Рўзҳои 17 ва 18 марти соли 2021 дар арафи иди Наврӯзи хуҷастапай Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобозода Умед дар якҷоягӣ бо муовини сардори Шуъбаи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Нидоев Ҳусниддин ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Салихов Зафар ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаҳои ислоҳии ЯС3/4, ЯС3/7, ЯС3/2 ва ЯС 3/13-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳӯҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат) ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудагон дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдории маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои маҳкумшудагон шароитҳои зарурӣ  муҳайё шудааст.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нчунин бо маҳкумшудагон мулоқот намуда, онҳоро ба иди Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ тасмим гирифтааст, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ ташриф оварда, аз шароит ва будубоши маҳкумшудагон дидан намояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор