Ба Ваколатдор чӣ тарз бояд муроҷиат кард?
Шикоятнома ба Ваколатдор дар давоми як соли баъди поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рӯзе, ки ба ӯ поймол шудани ин ҳуқуқҳо маълум гаштааст, пешниҳод карда мешавад.
Шикоятнома танҳо пас аз андешидани дигар чораҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ё маъмурӣ, яъне танҳо пас аз он ки аз қарор ё амали (беамали) поймол кардаи ҳуқуқи инсон, ба тариқи судӣ ё бо тартиби тобеияти маъмурӣ шикоят карда шудааст, пешниҳод карда мешавад.
Шикоят бояд маълумотҳои зеринро дарбар гирад:
- Ному насаби ҷабрдидагони поймолкунӣ ё намояндаи онҳо;
- Имзои шахсӣ ва суроғаи ҷойи зисти муроҷиаткунанда (агар шикоят аз тарафи намоянда пешниҳод шуда бошад, имзои муроҷиаткунанда зарур нест);
- Номи мақомот ё шахси мансабдоре, ки аз қарор ё амали (беамалии) ӯ шикоят оварда мешавад;
- Изҳор кардани моҳияти қарор ё амал (беамалӣ), ки ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунандаро поймол кардаанд ё поймол мекунанд;
- Нусхаи қарорҳои оид ба шикоят қабулгардидае, ки тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.
Шикоятномаҳои беномро Ваколатдор баррасӣ намекунад.
Агар шикоятнома коллективона бошад, ба ҳамаи шаҳрвандон, ки онро имзо кардаанд, пурра зикр кардани фамилия, ному насаб, суроға барои тамос ( ҷойи қайди зист ё истиқомати воқеӣ) ва ҷамъ овардани имзои ҳамаи муроҷиаткунандагон зарур аст.
Дар шикоятномаи коллективона махсус зикр кардани шахси дар тамосшаванда бо мақомоте, ки шикоятномаи коллективона ба он ирсол шудааст, зарур мебошад.
Шикоятнома набояд мазмуни таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахсони дигарро дошта бошад.
Ба шикоят замима намудани ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки ҳолатҳои дар шикоят баёншударо тасдиқ менамоянд, зарур аст.
ТАРТИБИ МУРОҶИАТ
Шахсоне, ки ҳуқуқи муроҷиатро ба Ваколатдор доранд
Ба Ваколатдор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи арзу шикоят ва муроҷиат карданро доранд.
Шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ қарордошта (тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, нигоҳдории муваққатӣ, колонияҳо, ҳабсхонаҳо) низ метавонанд ба Ваколатдор шикоятнома пешниҳод намоянд, ки он дар мӯҳлати 24 соат ба Ваколатдор фиристода мешавад.
Ҳолатҳое, ки Ваколатдор дар доираи салоҳияти худ метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мустақилона чораандешӣ намояд
Ваколатдор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияташ дар ҳолати мавҷуд будани маълумот ва муқаррар намудани ҳолатҳои зерин мустақиман чораҳои дахлдорро қабул намояд:
— ба тариқи оммавӣ ва ҷиддӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол карда шаванд;
— дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштан;
— зарурати ҳифзи манфиати шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқро надоранд.
Амалҳое, ки Ваколатдор ҳуқуқ дорад ҳангоми гирифтани шикоятнома қабул намояд
— шикоятномаро барои баррасӣ қабул намояд;
— ба муроҷиаткунанда дар бораи воситаҳое, ки ӯ метавонад барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ истифода барад, шарҳ диҳад;
— ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ё шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти онҳо ҳалли шикояти зерин дахл дорад, онро фиристад;
— шикоятномаро барои баррасӣ қабул нанамояд.
Амалҳое, ки Ваколатдор ҳангоми қабули шикоятнома барои баррасӣ қабул менамояд
Оид ба қабули қарор Ваколатдор муроҷиаткунандаро хабардор мекунад.
Ҳангоми оғози баррасии шикоят Ваколатдор инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ё шахсони мансабдорро, ки аз қарор ё амал (беамалиашон) шикоят карда мешавад, огоҳ менамояд.
Ба баррасии шикоят оғоз намуда, Ваколатдор ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ё шахсони мансабдор дар бораи мусоидат намудан барои гузаронидани санҷиши ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, муроҷиат намояд.
Қабул накардани шикоятнома ҷиҳати баррасӣ
Қабул накардани шикоятнома ҷиҳати баррасӣ бояд асоснок карда шавад, то ин ки ба аризадиҳанда ҷиҳати саривақт ва пурра бартараф намудани монеаҳо, ки барои қобили қабул эътироф шудани шикоятнома роҳ надодаанд, имконият диҳад.
Аз қабул накардани шикоятнома шикоят карда намешавад, вале монеаҳои мавҷуда, масалан, пешниҳоди шикоятномаи пешакӣ ба қарор ё амали (беамалии) поймол гардидани ҳуқуқи ӯ, ҷиҳати баррасии он бо тартиби судӣ ё маъмурӣ метавонанд аз тарафи аризадиҳанда бартараф карда шаванд.
Қарори барои баррасӣ қабул накардани шикоятнома матлаби муҳокимаи судии Ваколатдор нест.
Қабул накардани шикоятнома ҳуқуқи муроҷиаткунандаро оид ба муроҷиат бо ҳамин шикоят ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва суд истисно намекунад.
Боҷи давлатӣ
Шикоятномае, ки ба Ваколатдор ирсол карда мешавад, аз пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтпулиҳо озод мебошад.
Сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда
Ваколатдор ҳуқуқ дорад сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ба даст орад.
Ба Ваколатдор чунин иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ваколатдор (намояндаи ӯ ё кормандони Дастгоҳи Ваколатдор) ҳуқуқ надоранд маълумоти оид ба ҳаёти шахсии муроҷиаткунанда ва дигар шахсонро, ки дар мавриди баррасии шикоятҳо ба онҳо маълум гардидааст, бе розигии хаттии онҳо ошкор намояд.
Мусоидат ба Ваколатдор аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо ба Ваколатдор дар амалӣ намудани ваколатҳояш мусоидат менамоянд, мавод ва ҳуҷҷатҳо, маълумоти дигареро, ки барои амалӣ намудани ваколатҳояш зарур аст, ройгон ва бемамониат пешниҳод мекунанд, инчунин имконият медиҳанд ба корхонаю ташкилотҳо бемонеа ташриф оварад.
Мавод ва ҳуҷҷатҳои дархостшуда ва дигар маълумот ба Ваколатдор дар давоми 15 рӯзи гирифтани дархост, ба шарте ки дар худи дархост мӯҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, ирсол карда мешаванд.
Монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои ӯ, иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар кардааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Амали мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо ҳангоми гирифтани хулосаи Ваколатдор
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, ки хулосаи Ваколатдорро гирифтаанд, онро дар давоми як моҳ баррасӣ менамоянд ва оид ба чораҳои андешидашуда дар шакли хаттӣ Ваколатдорро хабардор менамоянд.
Ваколатдор ҳуқуқ дорад хулосаи қабулкардаашро нашр намояд. Нашрияҳои даврӣ, ки муассисони (ҳаммуассисони) онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ҳуқуқи нашр накардани хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои Ваколатдорро надоранд.
Шикоятномаҳои ба Ваколатдор ирсолшудае, ки баррасӣ карда намешаванд:
— агар шикоятнома бо лафзи қабеҳ ва таҳқиромез ифода ёфта, дар он ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки Ваколатдор ё кормандони дастгоҳи Ваколатдор, инчунин ба аъзои оилаи онҳо таҳдид шуда бошад, чунин шикоят вобаста ба моҳияти масъалаҳои дар он гузошташуда мавриди баррасӣ қарор намегирад. Ваколатдор ҳуқуқ дорад дар ҳолати зарурат ба муроҷиаткунандае, ки чунин шикоятномаро ирсол намудааст, дар бораи норавоии суиистеъмолкунии ҳуқуқ хабар диҳад, инчунин шикояти мазкурро барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор ирсол намояд;
— агар хондани шикоятнома душворӣ оварад, ба он ҷавоб дода намешавад ва дар ин хусус ба шаҳрванде, ки онро фиристодааст, агар ному насаб ва суроғаи почтааш хоно бошад, хабар дода мешавад;
— агар дар шикоятнома масъалае гузошта шуда бошад, ки оид ба моҳияти он чандин маротиба ҷавоби хаттӣ дода шуда бошад ва дар ин маврид дар шикоят далели ё ҳолати нав оварда нашуда бошад. Ваколатдор ҳуқуқ дорад оид ба беасос будани шикоятномаи навбатӣ ва қатъ кардани мукотибот бо шаҳрванд оид ба масъалаи мазкур қарор қабул намояд. Дар бораи қарори қабулнамуда Ваколатдор шаҳрванди шикояткардаро хабардор менамояд;
— агар ҷавоби масъалаи дар шикоятнома зикршуда бо ошкор кардани маълумоте вобаста бошад, ки дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда аст, ба шаҳрванде, ки шикоятнома фиристодааст, оид ба набудани имконияти ҷавоб додан ба моҳияти масъалаи дар он гузошташуда бинобар ошкор нагардидани чунин маълумот хабар дода мешавад.
Шикоятҳо аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чӣ тариқ баррасӣ мешаванд?
Дар сурати тасдиқ гаштани поймолкунии ҳуқуқи муроҷиаткунанда ҳангоми санҷиши шикоят Ваколатдор вазифадор аст дар доираи салоҳияти худ оид ба барқарор намудани ҳуқуқи поймолшуда чора андешад. Ҳамин тариқ, масъалаи муҳиме, ки бояд дар рафти санҷиш ҳал карда шавад, чун тасдиқи поймолкунии ҳуқуқи инсон арзёбӣ мегардад.
Дар рафти таҳлили далелҳое, ки поймолкунии ҳуқуқи инсонро тасдиқ мекунанд, Ваколатдор бояд принсипи эътимоднокӣ ва эҳтимолияти кофии онҳоро ба асос гирад.
Барои беғаразии расмиёти назоратӣ, механизми санҷиш на бо мақсади яктарафа қонеъ гардонидани ягон талаботи муроҷиаткунанда, балки риояи ҳуқуқҳои ҳамаи иштирокчиёни онро таъмин намояд. Бо ин мақсад қонун қоидаҳои зерини расмиёти ягонаро, ки технологияи санҷиши шикоятҳои муроҷиаткунандагонро ба танзим медарорад, муқаррар намудааст:
— бемонеа ташриф овардан ба бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо;
— амалӣ намудани боздиди зарурии хизматӣ;
— шахсан вохӯрдан бо роҳбарон ва шахсони мансабдори дахлдор;
— талаб карда гирифтани маълумоти зарурӣ, ҳуҷҷату мавод аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо.
Ваколатдор шикоятномаро ба истеҳсолот қабул ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳоро хабардор намуда, ба онҳо имконият медиҳад то баёноти худ, инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маводҳоеро, ки қонунӣ будани қарорҳои қабулнамуда ё амалҳои содиркардаашонро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намоянд.
Баёноти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо аз рӯи масъалаҳое, ки бояд ошкор шаванд ва барои далелнок кардани мавқеи худ бояд ба Ваколатдор дар шакли хаттӣ бо мақсади пешгирии ғалатфаҳмӣ ва раддия пешниҳод намоянд.
То баровардани қарори ниҳоӣ маводе, ки ҳангоми баррасии шикоят гирифта шудааст, набояд фош карда шавад.
Пас аз анҷом ёфтани санҷиш муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷату маводе, ки бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои ӯ дахл доранд, шинос шавад, ки ба Ваколатдор мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо пешниҳод карда буданд.
Ваколатдор вазифадор аст муроҷиаткунандаро аз натиҷаи баррасии шикоят хабардор намояд.
Дар сурати шикоятномаро беасос ҳисобидан Ваколатдор дар ин хусус тариқи хаттӣ ба муроҷиаткунанда хабар медиҳад ва баррасии онро он қатъ менамояд. Қарори ба ин монанд инчунин дар сурате қабул карда мешавад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ё шахсони мансабдори онҳо пас аз қабули шикоят онро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба барқарор намудани ҳуқуқи муроҷиаткунанда ва бартараф намудани оқибати ин поймолкунӣ мустақилона чора меандешанд.
Дар сурати муайян шудани ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи муроҷиаткунанда Ваколатдор ӯҳдадор аст дар доираи салоҳияти худ чора андешад.
Диққат!
Ваколатдор ягон тадбири ҷустуҷӯӣ-фаврӣ намеандешад, яъне ба доираи ӯҳдадориҳои ӯ гузаронидани тафтишот нисбати муайян кардани ҳолатҳо оид ба қонуншиканӣ аз рӯи парвандаи муайян дохил намешавад. Фаъолияти Ваколатдор, бар хилофи мақомоти таҳқиқ ва тафтишот, на ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ё хизматчиёни давлатӣ, балки пеш аз ҳама ба ҳимояи ҷабрдида ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгаштаи ӯ равона шудааст.
Аз рӯи масъалаҳое, ки дар ҷараёни санҷиши шикоят бояд ошкор шаванд, Ваколатдор ҳуқуқ дорад баёноти шифоҳӣ ва хаттии ҳамаи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиро, ба истиснои судяҳо, нисбати қарорҳои суд гирад.
Ҳангоми фиристодани дархости дахлдор дар он бояд хусусияти маълумоти фоиданок ва номгӯи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда аниқ нишон дода шаванд. Маводе, ки ба ҳолати мавриди таҳқиқ қарордошта муносибати бевосита надорад, талаб карда намешавад.
Ваколатдор ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷатҳои аснодиро надорад, бинобар ин маводи дархостнамудаи ӯ ба таври нусхабардорӣ ё нусхагирӣ, бо имзои роҳбар ё шахси мансабдори дахлдор бо гузоштани мӯҳри мақомоти дахлдор ирсол мегардад.
Санҷиши шикоятро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва дигар ташкилотҳо ё шахсони мансабдори онҳо, ки бо қарор ё амал (беамали) — ашон ҳуқуқи муроҷиаткунанда поймол карда шудааст, супоридан мумкин нест.
Ваколатдор ҳуқуқ надорад маълумотро, ки иттилоот дар бораи ҳаёти шахсии муроҷиаткунанда ва дигар шахсонро, ки ба ӯ ҳангоми баррасии шикоят маълум шудааст, бе ризои хаттии онҳо ошкор намояд.
Натиҷаи баррасии шикоятҳо аз тарафи Ваколатдор чӣ гуна аст?
Хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ваколатдор ӯҳдадор аст ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки бар асари қарор ё амали (беамалии) онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд поймол карда шудааст, хулосаи худро, ки дорои тавсияҳо нисбат ба имкониятҳо ва чораҳои зарурии барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои мазкур мебошад, ирсол намояд.
Баъди анҷом ёфтани санҷиши шикояти асоснок, ки бо сабаби эътироз ба эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба шикояти муроҷиаткунанда ба қарор ё амале (беамалие), ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, Ваколатдор ҳолатҳои парвандаро дар бобати мутобиқ будани онҳо ба принсипҳои эътирофшуда ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ муқоиса карда, ба суди марҳилаи назоратӣ бо дархост муроҷиат менамояд.
Дар сурати асоснок эътироф шудани шикоят, ки аз ҷониби муроҷиаткунанда бо тартиби маъмурӣ пешниҳод шуда, мақомоти болоии давлатӣ ё шахси мансабдор онро қонеъ нагардондааст, аз тарафи Ваколатдор вобаста ба чораҳои имконпазир ва зарурӣ оид ба барқарор намудани ҳуқуқи поймолгардидаи муроҷиаткунанда хулоса бо тавсияҳо фиристода мешавад.
Ин ҳуҷҷати таъсири ҳуқуқӣ ҷиҳати ошкор намудани поймолкунии ҳуқуқи муроҷиаткунанда ҳамчун иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои давлат оид ба риояи ҳуқуқи инсон, инчунин рад намудани эътирофи ғайриқонунӣ будани қарор ё амал (беамалӣ) аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ё шахсони мансабдорро муқаррар менамояд.
Вобаста ба хусусияти ошкор шудани поймолкунии ҳуқуқи инсон аз тарафи Ваколатдор пешниҳоди зерин карда мешавад:
— оид ба тағйир додани расмиёти маъмурии содир намудани ин ё он амал ё аз тарафи онҳо қабул шудани қарор, ба шарте ки сухан дар бораи истифодаи мақсадноки ин ё он амалияи ҳуқуқи татбиқшаванда равад;
— оид ба зарурати мутобиқ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон ба қонунгузории амалкунанда ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— оид ба қатъ кардани қарори ғайриҳуқуқӣ ва барқарор намудани ҳуқуқи муроҷиаткунанда;
— оид ба қонеъ гардонидани талаботи одилонаи муроҷиаткунанда ва эътирофи ҳуқуқҳои поймолгаштаи ӯ.
Хулоса ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ё шахси мансабдоре фиристода мешавад, ки бо қарор ё амали (беамалии) он ҳуқуқи муроҷиаткунанда поймол гардидааст. Ба онҳо на танҳо боз як имконияти бо ихтиёри худ барқарор намудани ҳуқуқи муроҷиаткунанда дода мешавад, балки чораҳое пешниҳод карда мешаванд, ки ба ақидаи Ваколатдор, ҷиҳати танзими ғайрисудии муноқиша кофӣ мебошанд.
Дар сурати рад кардани чораҳои пешниҳодшаванда Ваколатдор ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст маҷмӯи воситаҳои таъсири ҳуқуқиро оид ба ҳимояи давлатии ҳуқуқи муроҷиаткунанда татбиқ намояд, яъне ба мақомоти давлатии дахлдор, аз ҷумла ба мақомоти прокуратура ва суд муроҷиат намояд.
Ин амалҳоро ба охир нарасонида, Ваколатдор ҳуқуқ надорад истеҳсолоти шикояти асоснок эътирофнамудаи худро қатъ намояд. Ваколатдор ҳуқуқ дорад хулосаи қабулнамудаи худро интишор намояд.
Муроҷиати Ваколатдор ба мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои поймолгашта
Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор ҳуқуқ дорад:
— ба мақомоти ҳокимияти давлатии дахлдор оид ба оғоз кардани баррасии интизомӣ, маъмурӣ ё пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо дархост муроҷиат намояд;
— ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши санадҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо дархост муроҷиат намояд.
Муроҷиати Ваколатдор ба мақомоти зикршуда бо он сабаб пешбинӣ шудааст, ки худи Ваколатдор бевосита ҳуқуқи оғоз намудани баррасии интизомӣ, маъмурӣ ё пешбурди парвандаи ҷиноятиро нисбати шахси мансабдоре надорад ки дар қарор ё амали (беамалии) ӯ поймолкуниҳои ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда дида мешавад. Ҳамин тариқ, Ваколатдор танҳо ҳуқуқ дорад аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ ба мақомоти давлатии дахлдор муроҷиат намояд (мақомоти идоракунӣ, мақомоти санҷиш ва назорат, ки дорои ваколати татбиқи муҷозоти маъмурӣ мебошад, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва ғайра).
Ваколатдор ба мақомоти давлатии дахлдор, ки ҳуқуқи оғоз намудани баррасии интизомӣ, маъмурӣ ё пешбурди парвандаи ҷиноятиро доранд, танҳо нисбат ба шахси мансабдоре муроҷиат карда метавонад, ки дар қарор ё амали (беамалии) ӯ вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешаванд.
Муроҷиати пешниҳодшуда бояд мушаххас ва инфиродӣ бошад ва аз қонуншикании хусусияти умумӣ дошта гувоҳӣ диҳад, инчунин ба талаботи мӯҳлати кашидан ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ ҷавобгӯ бошад.
Муроҷиати Ваколатдор ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда аз рӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи қонун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд.
Ваколатдор ҳуқуқи мазкурро дар сурати аз рӯи санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои шахси муроҷиаткунанда ба амал мебарорад.
Муроҷиатнома ба Суди конститутсионӣ пешниҳод карда мешавад.
Агар муроҷиатнома боиси оғоз шудани мурофиа дар Суди конститутсионӣ гардад, Суди конститутсионӣ метавонад то дида баромадани парванда амали санади мавриди баҳсро боздорад, зеро санади ғайриконститутсионӣ эътирофнамудаи Суди конститутсионӣ на танҳо боиси бекор кардани санади шикоятшуда, балки боиси расидани зарари барқарорнашаванда ва ё ҷиддӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.
Дар ҳолате, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё баъзе нуқтаҳои онҳо боиси поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда гардида, аз тарафи Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ дониста шаванд, эътибори худро гум мекунанд, дар баробари ин амали санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра, ки ба санади ғайриконститутсионӣ эътирофшуда асос ёфтаанд, бекор мегарданд. Дар баробари ин, санадҳои судҳо ва дигар мақомоти татбиқкунандаи қонун, ки бо санади меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ эътирофшуда асос ёфтаанд, мавриди иҷро қарор намегиранд.
Намунаи шикояти муроҷиаткунанда: DOCX
Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ному насаб/_____________________________,
аз номи/ному насаби пурра/____________,
истиқоматкунандаи/ҷойи зист/_________,
телефон барои тамос:/__________________/
Шикоят
Шикоят бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:
- кадом ҳуқуқҳо вайрон карда шудааст;
- кадом мақомот, ташкилот (номгӯи пурра) ё шахси мансабдор (ному насаб) бо кадом қарор ё амал (беамалӣ) ҳуқуқҳоро вайрон кардааст;
- барои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқҳо кадом корҳо анҷом дода шудаанд;
- нисбати муроҷиат аз тарафи мақомот ё ташкилоти дахлдор кадом амалҳои ҷавобӣ содир карда шудаанд;
- барои барқарор кардани ҳуқуқҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чиро дархост менамояд.
Сана. Имзои шахсӣ.
____________________ _______________________