Сайнозимзода Фирӯз Сайнозим
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
17 сентябри соли 1986, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
-
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, факултети ҳуқуқшиносиро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст.
-
Унвони илмӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (соли 2022 рисолаи илмӣ дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя намудааст).
Собиқаи меҳнатӣ
-
2008-2010 - Ассистенти кафедраи фанҳои «Ҷомеашиносӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ
-
2010-2011 - Мутахассиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
-
2011-2024 - Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
-
Аз соли 2024 то ҳоло Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









