Маълумот барои тамос:
Телефон
(+992 37) 221-75-74
Суроғаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
19 марти соли 1982 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
-
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултети фалсафаро бо ихтисоси “Сиёсатшинос – муаллими илмҳои сиёсӣ-маъмур” хатм намудааст.
Собиқаи меҳнатӣ
-
Солҳои 1999-2004 – донишҷӯи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
-
Солҳои 2004-2007 – аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
-
Солҳои 2006-2008 – раиси Шӯрои ҷумҳуриявии аспирантони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Моҳҳои феврал-марти соли 2008 – и.в. дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2008-2010 – мудири Шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2010-2011 – мутахассиси пешбари Шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2011-2012 – сармутахассис-котиби матбуоти Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2012-2013 – ҳуқуқшинос-тренери лоиҳаи DFID дар Ташкилоти ҷамъиятии байналхалқии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»;
-
Солҳои 2013-2015 – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2017-2021 – сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Аз соли 2022 – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мукофотҳо (давлатӣ ва соҳавӣ)
-
«Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи (фармоиши) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №350 аз 16 марти соли 2021);
-
Мушовири давлатии дараҷаи 3 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №232 аз 23 августи соли 2021);
-
«Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №29-У аза 24 ноябри соли 2021).