Ҳимояи гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар назди Кумитаи зидди шиканҷа
Субҳи 13 апрели соли 2026 Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи ҳаштоду чоруми худро расман оғоз намуд, ки он то 1 майи соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин иҷлосия, Кумита тадбирҳо ва талошҳои кишварҳои Габон, Италия, Покистон ва Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ менамояд.

Дар чорабини мазкур аз ҷониби ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва муовинони аввали Прокурори генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзҳои 14-15 апрели соли ҷорӣ даври чоруми гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф ҳимоя карда шуд.

Дар ин зимн, аъзои Кумита масъалаҳои марбут ба пешгирии шиканҷа, шароити нигоҳдорӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудагон, инчунин дигар масоили ба нақзи ҳуқуқи инсон марбутро баррасӣ намуда, ҳайати кишвар ба саволҳои иловагии онҳо посух манзур намуданд.
Дар доираи муколамаи созанда, аз ҷониби Кумитаи зидди шиканҷа гузориши миллии Тоҷикистон ҳамчун як қадами муҳим дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардида, баҳри пурра татбиқ гардидани талаботи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф ҳимоя тавсияҳои иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамкории судманд, шаффоф ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, беҳтар намудани иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи мазкур, инчунин такмили механизмҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад кард.









