
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025 бо иштироки фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баргузор гардид.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Таъкид шуд, ки «ин ҳуҷҷати муҳим идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти Тоҷикистонро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат ҳама самтҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро дар бар мегирад».

Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва барқарор намудани сохтори конститутсионии давлат нақши бориз гузоштааст. Албатта, дар таҳкимёбии меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ бошад, Эъломияи Куруши Кабир нақши ҳалкунанда дорад. Дар даврони ҳукмронии Куруши Кабир ва замони мавҷудияти давлати Ҳахоманишиён низоми муайяни қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада буд ва яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории он замон ин қабули Эъломияи Куруши Кабир ба ҳисоб мерафт. Зеро Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстию меҳанпарастӣ маншаъ мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихӣ-ҳуқуқиест, ки дар он эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун, адолат, қонуният, тартиботи муайяни ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқӣ, озодии эътиқод ва дин, ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар як низоми муайян қарор гирифта буд.
Мавҷудияти чунин ҳуҷҷат дар таърихи қадими башарият гувоҳи он аст, ки мардуми ориёинажод аз қадим дорои фарҳанги инсонпарварона ва арзишҳои баланди ахлоқию ҳуқуқӣ буданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.









