Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар
Дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 июли соли ҷорӣ мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар хонум доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя доир гардид.


Дар рафти мулоқот тарафайн натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди арзёбӣ қарор дода, доир ба амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, рушди механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, фаъолияти маърифатӣ, таҳқиқотӣ ва мониторингӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак, омӯзишҳо ва сафарҳои таҷрибаомӯзиро адешаронӣ намуданд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шабакаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи босамари нақшаҳои муштарак иброз доштанд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Давлати Қатар дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод ва шарикии созанда минбаъд низ густариш ёфта, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сафари хизматии Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои касбии байни ду ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардида, барои татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.










